(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДавлат ва оила робитаи ногусастани дошта, бунёди оилаҳои хушбахт ва мустаҳкамии он дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Асосгузори сулху вахдати милли-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Дар назди шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Комиссияи ҷамъиятии "Шӯрои муросо" амал мекунад. Ҳадаф аз таъсиси он ба созиш овардани оилаҳои ҷавон ва устувору пойдор нигоҳ доштани оила мебошад.

Дар ҷаласаи навбатӣ, ки дар бинои шаҳрдорӣ доир гардид, 18 масъала баррасӣ шуда, дар он таъинотҳои судӣ, мактуби САҲШ, аризаву муроҷиати хаттиву шифоҳии шаҳрвандон оиди ҳалли баҳсҳои оилавӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд. Аъзоёни Шӯро аз шумораи масъулони шӯъбаҳои кор бо занон ва оила, дин, ноболиғон, САҲШ, раисони шӯрои занҳои маҳаллаҳо ва занони фаъол иборат буданд.

Дар натиҷаи корбарӣ 4 оила ба созиш оварда шуданд. Изҳорӣ умедворӣ карда шуд, ки дигар оилаҳои ноустур низ, аз гуфтаҳои аъзоёни Шӯро ба худ хулосаи зарурӣ бароварда, барои мустаҳкам нигаҳ доштани оилаҳои худ кӯшиш менамоянд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд