(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБахшида бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба қаиқронӣ байни варзишгарони аз то 18 сола ва аз 18-сола боло ташкил ва гузаронида шуд.

Кўдакон бо шавқу завқи тоза мафҳумҳои наву тозаро аз забони англисӣ омўхта, дар машғулият фаъолнокӣ зоҳир намуданд.

Ҷараёни машғулиятро намояндаи шуъбаи маорифи шаҳр ва маъмурияти МТТ №12 мушоҳида ва таҳлилу баррасӣ намуданд.

Бояд қайд намуд, ки ҳанўз соли 2003 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида буд, ки дар асоси он се маротиба барномаҳои давлатӣ қабул гардиданд. Охирин Барномаи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 қабул гардида, татбиқи он барои давраи то соли 2030 пешбинӣ шудааст.

Дар муассисаҳои таълимии томактабии шаҳр ба омўзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус забонҳои русӣ ва англисӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир карда мешавад.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд