(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБахшида бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба қаиқронӣ байни варзишгарони аз то 18 сола ва аз 18-сола боло ташкил ва гузаронида шуд.

Мусобиқа дар дарёи "Сирдарё" гузаронида шуда, дар он зиёда аз 90 нафар варзишгарони наврасу ҷавон аз ҷумла 12 нафар духтарон аз рўи масофаҳои К-1 200м-500м, К-2 200м-500м, С-1 200м-500м, С-2 200м-500м байни ҳам рақобат намуданд. Мусобиқа тибқи қоидаи Федератсияи байналмиллалӣ оид ба қаиқронӣ баргузор гардид.

Мақсад аз баргузории мусобиқа ин тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудани наврасон, ҷавонон ба ин намуди варзиш ва тарғибу ташвиқи намуди заврақронӣ байни омма дар шаҳри Хуҷанд, мустаҳкам намудани алоқаи дўстӣ байни варзишгарон ва баланд бардоштани маҳорати варзишии варзишгарон ва муайян намудани узви дастаи мунтахаби шаҳри Хуҷанд оид ба қаиқронӣ ба ҳисоб меравад.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд