(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади беҳдошти таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард, пешгирии ҳодисаҳои нохуши роҳу нақлиёт бо иштироки кӯдакон, вазнинии оқибатҳои онҳо, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва тарғиби корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба қоидаи ҳаркат дар роҳ дар муассисаи таълимии томактабии №28-и шаҳри Хуҷанд чорабинӣ таҳти унвони «»Дўсти ман-чароғаки раҳнамо» баргузор гардид.

Машғулияти намунавӣ бо иштироки тарбиятгирандагони гуруҳи омодагӣ ба мактаб, бо роҳбарии мураббия Сурайё Хўҷамқулова ҷиҳати беҳдошти таъмини бехатарии ҳаракат ва риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард ва ташаккули дониши кўдакон доир ба қоидаҳои ҳаракати роҳ сурат гирифт.

Чорабинӣ бо истифода аз усули фаъоли таълим бо фарогирии 18 самти Консепсияи миллии тарбия гузаронида шуд. Кўдакон дар ҷараёни машғулият шеъру сурудҳоро дар бораи чароғаки раҳнамо, аломатҳои роҳ,пиёдагард ва ғайра қироат намуданд. Ҳамчунин аз ҷониби тарбиятгирандагон фаъолияти мусаввирӣ бо иҷрои амалҳои гулмонӣ ва аломати чароғаки раҳнамо роҳандозӣ карда шуд.

Дар ҷараёни машғулият мудири шуъбаи маорифи шаҳр Муҳайё Акмалхўҷаева, намояндаи ШБДА Сангинов Ҷ. ва маъмурияти муасссиаи таълимӣ иштирок намуданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд