(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altСарвар Расулов магистранти факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, хатмкардаи Донишгоҳи славянии Русия - Тоҷикистон факултети ҳуқуқшинос, сокини шаҳри Хуҷанд мебошад, ки бо амри дил ба хизмати ҳарбӣ рафт.

Дар тарбияи ин ҷавони ватандўст, меҳанпарвар, садоқатпеша саҳми модари ӯ- Лайло Маҳмудҷонзода, ёрдамчии прокурори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳуқуқшиноси дараҷаи якум хеле бориз аст, ки дар ниҳоди фарзанди хеш дўст доштани Ватан, пос доштани якпорчагии Тоҷикистони азиз, муқаддас будани ҳар як ваҷаби сарзамини аҷдодиро талқин намуда, ин ҷавонмардро дар руҳияи ватанпарастӣ ба камол расонидааст.

Сарвар Расулов, худ ифтихор мекунад, ки дар Ватани биҳиштосо таваллуд шуда, барои ҳимояи Ватану миллат ва сарзамини худ азм намуда, сарбаландона баҳри хизмат ба Артишӣ миллӣ рафта истодааст. Ҷавонони меҳан бояд бо шукрона аз амну осиштагӣ бо садоқати ватандўстона, барои рушду нумўи кишвар, ҳимояи марзу бум ва осоиштагии халқаш хизматҳои шоистаро пеша намоянд ва ин рисолатро аз ҳама арзишҳо боло донанд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд