(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар марҳилаи аввал 35 нафар донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд баъди супоридани имтиҳоноти хатм ва ҳимояи рисолаи хатм ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд.

Дар маросими гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарият ва устодони донишкада иштирок ва чунин иқдоми хатмкунандагонро шоистаи дастгирӣ ва пайравӣ ба дигар ҷавонон номиданд.

Зикр шуд, ки ихтиёран ба хизмат ҳозир шудани ҷавонон ин нишонаи оромию осоиштагӣ, дўст доштани Ватан, садоқат ба меҳан, ҳифзи якпорчагии мамлакат мебошад ва чунин ҷавонон бори дигар исбот менамоянд, ки ворисони арзандаи миллати куҳанбунёди хеш, пайравони қахрамонони миллати тоҷик Темурамалику Спитамен ва ҳазорҳо нафар ҷоннисорони ғаюру ватандӯст мебошанд.

Тавре иттилоъ дода шуд, то анҷоми соли таҳсил боз якчанд нафар хатмкуннадагон омодаи хизмат ба сафи Артишӣ миллӣ мебошанд.

Мардуми Тоҷикистон бо афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ - фарзандони содиқу вафодори худ ифтихор мекунанд ва эътимоди комил доранд, ки хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистони соҳибихтиёр дар оянда низ аз уҳдаи ҳимояи Ватан, давлат ва зиндагии осудаи сокинони кишвар бо сарбаландӣ мебароянд.

Роҳбарияти донишкада бовар дорад, ки дастпарваронаш ба савганди ҳарбии худ содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан, миллат ва давлати худ ҷавонмардона адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ сафарбар месозанд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд