(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altРаиси шаҳри Хуҷанд, номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии Камоли Хуҷандӣ, № 4 Фирдавс Шарифзода дар асоси нақшаи мулоқот бо интихобкунандагон аз баталёни 3-юми қисми низомии 6593 боздид ба амал оварда, ҳамзамон онҳоро бо Рўзи Ғалаба табрику таҳният гуфт.

Фирдавс Шарифзода зимни мулоқоти озоду ошкоро бо аскарону афсарони ин қисми низомӣ гуфт, ки шумоён арзандони далеру ғаюри мардуми Тоҷикистон дар хизмати Модар Ватан шабонарўзӣ фаъолият доред ва амнияти давлат, оромии ҷомеа ва ҳаёти осоиштаи шаҳрвандони мамлакат аз сатҳи хизмати ҳар як аскару афсари Қувваҳои Мусаллаҳ вобастагӣ дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллиро дар замоне таъсис доданд, ки кишвари азизамон дар гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор буд ва дар ҷойи холӣ бе ягон заминаи моддиву техникӣ ташкил ёфта, имрўз яке аз артиши қудратманди соҳибтаҷрибаи минтақа эътироф шудааст.

Имрўз Артиши миллӣ як сохтори муҷаҳҳазу муосир ва нерӯи боэътимоди ҳифзи марзу буми мамлакат табдил ёфтааст, яке аз рӯйдодҳои муҳим дар таърихи давлатдории тоҷикон ва аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебошад.

Ҷомеаи имрўзаи ҷаҳонӣ аз ҳар як сарбозу афсари бонангу номус ҳушёрии касбӣ ва зиракии сиёсиро талаб менамояд, то ин ки ба хотири ҳимояи хоки муқаддаси Ватани азизамон вазифаҳои хизматии худро содиқона ва бо эҳсоси баланди ватандорӣ иҷро намояд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҳамзамон аз хобгоҳ, ошхона, ҷои истироҳату фароғати сарбозону афсарон аз наздик шинос гардид.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд