(1 овоз, миёна 4.00 аз 5)

altДар МТМУ №17 ба номи Ҳаким Карими шаҳри Хуҷанд чорабинии умумимуассисавӣ бахшида ба 77 солагии Иди Ғалаба таҳти унвони "Ёди шаҳидон ҳамеша бо мост" гузаронида шуд.

Дар барномаи фарҳангӣ-маърифатӣ хонандагон бо ғояҳои худшиносиву худогоҳӣ, таҳкими ватандӯстӣ ва посдории марзу бум шеъру суруд ва саҳначаҳои ҷолиб манзур намуданд. Таъкид шуд, ки ҳифзи Ватан ва якпорчагии он вазифаи ҳар як шаҳрванд аст. Бобоёни мо, бо ҷонфидоию сарсупурдагиашон барои мо мулки обод ваамну осишта мерос гузоштанд ваба қадри ин ҳама неъматҳо бояд расем.

Дар чорабинӣ ҷанговар-интернатсионалист, муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд Ҷамолиддин Ашӯров иштирок ва суханронӣ намуд.pan>



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд