(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар гимназияи №24-и шаҳри Хуҷанд вохўрии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии Бобоҷон Ғафуров, №3 ба ивази вакили хориҷшуда сурат гирифт.

Манучеҳра Кенҷазода, раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии Бобоҷон Ғафуров, № 3 мулоқотро ҳусни ифтитоҳ намуда, иттилоъ дод, ки дар асоси қарори иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум аз 16 марти соли 2022, № 292 “Дар бораи таъин намудани интихобот ба ивази вакилони хориҷшудаи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум” дар ҳавзаи интихоботии Бобоҷон Ғафуров, рақами 3 ва тибқи моддаҳои 25 ва 48 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» оид ба тартиби пешбарии номзадҳо ба вакилӣ ва оид ба гузаронидани интихоботи вакилон ба ивази вакилони хориҷшуда, ки санаи 15 майи соли 2022 баргузор мегардад, аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Конференсияи XXVII ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз 8-уми апрели соли 2022 номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии Бобоҷон Ғафуров, рақами 3 Абдураҳмон Қосимов, директори Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Сахо и К»-и шаҳри Гулистон, муассиси Муассисаи таълимии ғайридавлатии Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд пешбарӣ гардид.

Ҳамчунин номзадии Малика Исобоева, мудири муассисаи таълимии томактабии № 14 шаҳри Хуҷанд худпешбарӣ шуд. Аз ҷониби комиссияи ҳавзаи интихоботии Бобоҷон Ғафуров, рақами 3 ин ду нафар номзадҳо ба қайд гирифта шуданд.

Зикр шуд, ки дар вохўрии имрўза ҳайати комиссияи шаҳрии интихобот, комиссияи ҳавзавии интихобот, комиссияи участкаҳои интихоботии рақами 44, 45, 46, 47, 48, 49 ва интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии Бобоҷон Ғафуров, рақами 3- маҳаллаҳои “Суғдиён” ва “Мевағул” иштирок доранд.

Сипас, шахсони боэътимоди номзадон ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Расул Ғанизода ва Мусаббеъ Мўъминова баромад намуда, барномаҳои пешазинтихобтии номзадонро муаррифӣ карданд.

Дар қисмати саволу ҷавоб интихобкунандагон суолу дархости хешро ба номзадон ба вакилии Маҷлиси вилоятӣ баён доштанд.

Дар анҷоми мулоқот зикр гардид, ки дар асоси моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» оид ба ташвиқоти пешазинтихоботӣ ба ҳизбҳои сиёсӣ, ки ба вакилӣ номзад пешниҳод намуданд ва ба намояндагони номзадҳои мустақил ҳуқуқ дода мешавад, ки ба тарафдории номзадҳои худ ташвиқот баранд. Инчунин ба номзадҳо ба вакилӣ ҳуқуқ дода мешавад, ки расонаҳои ахбори оммавиро баробар истифода кунанд ва бо интихобкунандагони худ дар маҷлисҳо ва дигар шакле, ки ба интихобкунандагон мувофиқ аст, вохўриҳоро ташкил намоянд.

Аз интихобкунандагон даъват ба амал оварда шуд, ки дар интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд дар ҳавзаи интихоботии Бобоҷон Ғафуров, рақами 3, ки рўзи 15 майи соли 2022 баргузор мегардад, фаъолона иштирок намуда, овози худро ба шахси арзанда диҳанд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд