(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt

Иди суннатӣ-рӯзи меҳрубонӣ

Ҳамшаҳриёни азиз!

Аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҳамаи шумо, сокинони сарбаландро бо фарорасии Иди саиди Фитр муборакбод гуфта, бароятон осоишу ободии хонадон, саодати рўзгор, тани сиҳату хотири ҷамъ орзу менамоям.

Иди саиди Фитр яке аз суннатҳои муқаддаси мардуми мусалмон буда, беҳтарин арзишҳои инсонӣ – сабру таҳаммул, некиву накўкорӣ, дастгирии ҳамдигар, раҳму шафқат ва дигар амалҳои хайру созандаро дар худ ифода кардааст. Ин суннати муҳим дар қатори дигар ҷашну маросими милливу мардумӣ дар кишвари мо ҳамасола таҷлил мегардад.

Ба шарофати истиқлолияти давлатии кишварамон, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати мо дар озодии виҷдон, дину ақида, адои маросими суннатию динӣ соҳиби имконияти васеъ гардид. Дини мубини ислом ҳамчун дини поку беолоиш ва раҳнамои накўкориҳо дар кишвари мо мақоми мустаҳкам дорад.

Сарвари кишвар дар аксари мулоқоти худ таъкид мекунанд, ки дар давлати озоди демократӣ ва дунявӣ имрўз имкон дорем, таълимоти созандаи дини мубини ислом, бахусус, тарғиби дўстиву муҳаббат ва кўмаку дастгирии байниҳамдигариро дар байни тамоми афроди ҷомеа густариш диҳем.

Боиси хушнудист, ки мардуми Хуҷандшаҳр аз ҳамаи ин фазилатҳои бузургонамон огоҳии амиқ дошта, чун анъана дар рўзҳои моҳи табаррук ба дастгирии мўҳтоҷону ниёзмандон мешитобад.

Имрўз давлату ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баҳри таъмини зиндагии шоиста ва иҷрои рукнҳои дини мубини ислом шароиту имконоти муассир фароҳам овардаанд. Бигузор бо таҷлили ин иди суннатӣ меҳру муҳаббат ва масъулияти мо нисбат ба якдигар дучанд гардад ва ин соли таърихӣ - 25 – солагии Рўзи ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳи тоҷикон, 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастоварду муваффақиятҳои бузург истиқбол намоем.

Бори дигар, ҳамаи сокинон ва меҳмонони шаҳри азизро ба муносибати Иди саиди Фитр табрику таҳният гуфта, бароятон рўзгори ободу босаодат ва ризқу рўзии фаровон орзу менамоям.

Иди саиди Фитр муборак!