(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар ҳудуди шаҳри Хуҷанд ба муносибати 35 солагиии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба нақшаи генералии шаҳр бо мақсади таъмини аҳолӣ бо манзил хонаҳои истиқоматии баландошёна ба тарзи замонавӣ сохта шуда истодаанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни як боздид аз ҷараёни сохтмони ин биноҳо аз наздик шинос шуданд.

Нахуст аз рафти сохтмони бинои баландошёна дар микроноҳияи 8-уми маҳаллаи «Темурмалик»-и шаҳри Хуҷанд ошноӣ пайдо карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои мазкур аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ Далер Зарифов сохта шуда истодааст ва аз 9 ошёна иборат буда, дар ду ошёнаҳои поёнӣ марказҳои савдо пешбинӣ гардидааст. Корҳои асосии сохтмонӣ ба анҷом расида, корҳои пардозкунӣ идома доранд.

Раиси вилоят дар ҷараёни боздид ҳамзамон аз рафти корҳои сохтмонии бинои иҷтимоии баландошёна дар минтақаи мазкур, ки бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷараён дорад, шинос шуд. Итттилоъ дода шуд, ки бинои мазкур аз 9 ошёна барои 45 оила пешбинӣ шудааст, ки пудратчии корҳои сохтмонӣ ҶДММ «Авитсена» мебошад. Дар ҳудуди бинои мазкур тамоми инфрасохтор, аз ҷумла як чойхонаи миллӣ барои сокинони маҳалла бунёд карда мешавад.

Дар маҳаллаи «Бофанда»-и шаҳр аз ҷониби ҶДММ «Ҳамдастӣ 2013» бинои хуштарҳи замонавии 12 ошёна бунёд шуда истодааст, ки дар зери он қароргоҳи нақлиёти сокинон пешбинӣ гардидааст. Бинои баландошёна аз 120 хона иборат буда, 3 ошёнаи он барои марказҳои тиҷоратӣ ва хизматрасонӣ пешбинӣ шудааст. Лоиҳакаши бино ҶДММ «Бунёд 1» мебошад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки навсозӣ ва ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани инфрасохтори шаҳри Хуҷанд махсусан, сохтмони силсилаи зиёди хонаҳои баландошёна мутобиқ ба тарҳи муосир ва миллӣ заминаи муҳими рушди минбаъдаи шаҳр маҳсуб мешавад. Ба масъулини сохтмон ва шаҳрсозӣ дастур дода шуд, ки дар баробари корҳои ободонӣ ва сабзкории ҳудуди иншоот ҳамзамон шабакаҳои мустақили хизматрасонии коммуналии тамоми хонаҳои баландошёнаи сохташудаистодаро роҳандозӣ намоянд, то ин ки баъд истифодадиҳӣ барои сокинони феълии шаҳр мушкилот ба пеш наоранд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд