(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар шаҳри Хуҷанд раванди тадбирҳои ободонию созандагӣ ва корҳои таҷдиду азнавсозӣ дар соҳаи мухталиф бомаром идома дорад.

Дар доираи сафари кории худ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд дар муассисаи хусусии тиббии хизматрасонии «Ортопедия ва технологияи муосир» бо раванди хизматрасонӣ ба беморон ва шароити ин муассисаи нави тиббӣ аз наздик шинос гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки он аз ҷониби соҳибкорӣ ватанӣ Фарҳод Ҳакимов таъсис дода шуда, сардухтури муассиса Шамсиддин Тошматов мебошад.

Дар ин маркази хизматрасонии тиббӣ духтурони соҳибтаҷрибаи осебшиноӣ, ки дорои донишҳои муосири тиббӣ мбеошанд, сарҷамъ гардида, дар як шабонарўз метавонанд то ба 30 нафар беморон хизматрасонӣ намоянд. Аз ҷумла, мутахасиси соҳибкасб, осебшиноси маъруф, номзади илмҳои тиб сармутахасиси осебшиносии вилояти Суғд Шуҳрат Зиёбоев мебошад, ки дорои таҷрибаи зиёд ва дониши муосири тиббӣ аст.

Бино аз 3 ошёна иборат буда, табобат ва ҷароҳҳии бемориҳои гуногун аз ҷумла, эндопротескунонии буғуми кос ва буғуми зону, амалиётҳои реканструксионӣ, табобати таъҷилии шикасти устухон, табобат ва барқароркунии беморони гирифторииҳои пас аз Ковид 19, ташхис ва табобати муртшавии устухонҳо ва остеохондрозҳо ва ғайраҳо роҳандозӣ гардидааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба фаъолияти кории ин маркази хизматрасонӣ баҳои баланд дода, аз роҳбарияти он даъват ба амал овард, ки зимни хизматрасонӣ бо усули муосир ва технологияҳои пешрафта истифода намуда, барои фаъолияти густурдаи он тамоми беморонро аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз ҳудуди мамлакат ба табобат фаро гиранд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҳамзамон аз корҳои таҷдиду азнавсозӣ дар бинои асосии ҷарроҳию табоботии беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 ошноӣ пайдо намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои чорошёнаи ҷарроҳию табобатии беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба таҷдиду азнавсозӣ фаро гирифта шудааст. Бинои мазкур ҳанўз соли 1972-и асри гузашта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, то ҳол аз таъмири кулл бароварда нашудааст. Дар бинои номбурда шуъбаҳои қабул, эҳё, ҷарроҳҳии фасоднок, ҷарроҳии калонсолон, осеби хурдсолон, осеби калонсолон, бемориҳои сўхта, ҷарроҳии бачагона, корпуси ҷарроҳикунонӣ ва ғайраҳо ҷойгир карда шуда, маҷмуан беш аз 250 кати табобатӣ барои беморонро фаро мегирад.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо лоиҳаи ангории таҷдиду азнавсозии бинои ҷарроҳию табобатии беморхона таъкид намуд, ки дар заминаи сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба соҳаи тандурустӣ афзудааст. Зеро талаботи замони муосир моро водор месозад, ки ба шароити табобату муоилиҷа ва барқароркунии саломатии шаҳрвандон аҳамияти хоса диҳем.

Ҷоиз ба зикр аст, ки бинои мазкури беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 бо дарназардошти талаботи муосири тиббӣ давоми соли ҷорӣ пурра таҷдиду азнавсозӣ гардида, имконияти хуберо барои сокинони шаҳр ва атрофи он баҳри ба ташхису табобат фаро гирифтан муҳайё карда мешавад.

Зимни боздид аз майдонҳои ҳудуди беморхона аз ҷониби роҳбарияти вилоят ба масъулини шаҳрдорӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати истироҳату фароғати беморон ва пайвандони онҳо беҳтарин шароити тафреҳӣ муҳайё карда шавад. Саҳни иншоот низ мувофиқ ба талаботи меъморӣ бунёд гардад ва барои сайру гашти табобатгирандагон ва ташрифи аёдаткунандагон имконияти зарурӣ фароҳам оварда шавад.

Бояд қайд намуд, ки дар ҳудуди беморхонаи мазкур бунёди бинои истгоҳи “Ёрии таъҷилӣ” , маркази гармидиҳӣ ва ошхонаи замонавӣ низ бомаром идома дорад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки алъон корҳои сохтмонӣ аз тарафи ҶДММ «Сохтмонворидот» ҷараён дорад ва беш аз 50 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ бо кору фаъолияти доимӣ машғуланд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд