(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altИмрўз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар асоси дастуру супориш ва сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд нафар камбизоатонро дар моҳи шарифи Рамазон аёдат намуда, ба эшон маблағҳои пулӣ, тўҳфаҳои хотиравӣ ва маводи ғизоии ниёзи аввалия супориданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки моҳи Рамазон инсонро ба сабру таҳаммул, қаноату парҳезкорӣ, раҳму шафқат ва некиву накӯкорӣ ҳидоят карда, имони ӯро комил, иродаашро қавӣ ва зоҳиру ботинашро пок мегардонад. Дар ин моҳи муборак, баробари ба ҷо овардани фаризаву суннатҳои динӣ, иҷрои амалҳои солеҳ, аз ҷумла хайру эҳсон ва дастгириву навозиши ятимону маъюбон ва камбизоатҳову муҳтоҷон аз сифатҳои шоиставу башардӯстонаи ҳар як мусулмони савобҷӯ мебошанд.

Сабоат Шукуроваи 67 сола, сокинони кўчаи Мўҳсин Аминзодаи маҳаллаи Ҷаббор Расулов, оилаи камбизоат, ки ду фарзандаш вафот кардааст, ҳоло яккаву танҳо зндагӣ мекунад, Файзулло Сўфиҷонов сокини кўчаи Боғистон, ки санаи 23-юми феврали соли равон хонааш пурра оташ гирифта буд ва бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барояш хона бунёд шуда истодааст, Мавзуна Зиёева сокини кўчаи Маърифати маҳаллаи Содирхон Ҳофиз, аз оилааш бо 4 фарзандаш ҷудо шудааст, Шаҳодат Абдуллоеваи 75 сола барои азнав бунёд намудани хонааш ба шаҳрдорӣ муроҷиат намуда буд ва имрўз хонааш пурра азнавсозӣ карда шуд, ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳу ғамхории доимӣ арзи сипос гуфтанд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд