(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Бахшида ба ҷашни 25-солагии Ваҳдати миллӣ ва 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026 дар шаҳри Хуҷанд якчанд адад корхонаҳои саноатӣ бунёд ва ба истифода дода мешаванд.

Имрўз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз раванди бунёди як зумра корхонаи нави истеҳсолӣ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд боздид намуданд.

Нахуст аз сохтмони корхонаи бузурги саноатии истеҳсоли халтаҳои ҳаҷман калон воқеъ дар минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ошноӣ пайдо карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи нав - «Азияполитекс» барои истеҳсоли халтаҳои гуногун пешбинӣ гардида, дар масоҳати 1, 6 бунёд гардида, маблағи сармоявии ширкат 2 миллион доллари амрикоӣ буда, марҳила ба марҳила ба 10 миллион доллари ИМА расонида мешавад, дар сурати мавриди истифода қарор гирифтани марҳилаи аввали он то 300 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи корӣ таъмин ва дар ояндаи наздик баъди пурра корандозии корхона беш аз 1000 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мешаванд.

Дар ин ҷо халтаҳои калонҳаҷми андозааш аз 500 килоӣ ва 3 тоннаӣ истеҳсол карда мешавад ва асосан барои содирот ба кишварҳои Осиёи Марказӣ пешбинӣ шудааст. Барои истеҳсоли бомароми маҳсулот сехҳои ресандагӣ, бофандагӣ ва дўзандагӣ таъсис дода мешаванд.

Масъулини Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Азияполитекс» иттилоъ доданд, ки рузҳои наздик таҷҳизоту техникаи зарурӣ аз хориҷи кишвар ворид ва насбу васл карда мешавад.

Барои дар муҳлати пешбинишуда ба иҷро расонидани корҳои сохтмонӣ супориш дода шуд.

Зимни боздид аз раванди корҳои сохтмонии корхонаи коркарди санг дар заминаи ҶСП «Корпаратсияи Камоли Хуҷандӣ» иттилоъ дода шуд, ки дар ояндаи наздик бо истифода аз масолеҳи хоми ватанӣ маҳсулот истеҳсол менамояд. Аз ҷониби ширкат барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ҷавобгӯи талабот технологияи пешрафтаи ширкатҳои бонуфузи ҷаҳон дастрас карда шудааст.

Иншоот аз як ошёна иборат буда, пас аз ба фаъолият оғоз намудани он барои 40 нафар сокини маҳаллӣ ҷойи кори доимӣ фароҳам гашт.

Бунёди иншооти нави истеҳсолӣ қадами навбатӣ дар самти расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат мешавад. Бояд қайд намуд, ки дастгоҳу таҷҳизоти дастрасшуда барои нозуку пурҷило, мутобиқ ба дизайн ва мувофиқ ба талаботи мизоҷон омода сохтани санги мармару хоро мусоидат мекунад.

Дар маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд бо иқдоми як гурўҳ соҳибкорони ҶДММ Папириус» сохтмони корхонаи коркарди қоғаз ва истеҳсоли маҳсулоти полиграфӣ бомаром идома дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки ҷамъият дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои туркӣ дар ояндаи наздик коргоҳи коркарди қоғаз ва истеҳсоли маҳсулоти полиграфиро ба роҳ мемонанд, ки он воридотивазкуннада мебошад. Дар корхона намудҳои гуногуни дафтар ва дигар анвои ашёи хониш истеҳсол карда мешавад.

Дар минтақаи шимолу шарқии саноатии шаҳри Хуҷанд бо рафти корҳои васлкунии хатти истеҳсоли оби ҷави ширкати «Барс» ошноӣ пайдо карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки маҳсулоти хом, яъне ҷав аз кишварҳои Белорусия ва Олмон дастрас гардида, иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 500 литр оби ҷав мебошад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ёдоварӣ аз ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки саноатикунонии мамлакат ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардид, таъкид намуд, ки ин иқдомро саноатчиёни шаҳр ҳаматарафа дастгирӣ намуда, ҷиҳати ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ созанд. Дар ин замина дар минтақаи озоди иқттисодии “Суғд”, минтақаи шимолу шарқиии саноатии шаҳри Хуҷанд заминаҳои васеи роҳандозии фаъолият муҳайё карда шудааст.

Таъкид шуд, ки бунёди корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ ва ба роҳ мондани коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда мусоидат намуда, ба рушду тараққиёти шаҳри Хуҷанд такони ҷиддӣ мебахшад.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд