(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Субҳи имрўз бо мақсади иҷрои қарорҳои сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардухтури Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии вилоят “Дар бораи манъ намудани фурўши маҳсулотҳои хўроквории тезвайроншаванда, хуришҳои консервашудаи дар шароити хона тайёршуда, истеҳсол ва фурўши яхмос ва нўшокиҳои ташнашикан ва ҷойҳои ғайримуқаррарӣ”, ки бо ҳадафи пешгирӣ намудани ҳодисаҳои заҳролудшавӣ аз маҳсулотҳои хўроквории зикршуда ба тасвиб расидааст, аз ҷониби Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд дар байни соҳикборони марказҳои савдою хизматрасонӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ карда шуд.

Мусаллам аст, ки бархе аз маҳсулоти қаннодии кремдор аз ҷониби соҳибкорон бидуни ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи бехатарии маҳсулот, нишондодҳои реквизитӣ ба савдо пешниҳод мегардад, ки ба саломатии шаҳрвандон хатар эҷод менамояд. Гузашта аз ин дар ҷойҳои хизматрасонӣ мавҷуд набудани шароити шустушўй ва безараргардонии зарфҳои истифодагардида, набудани шароити нигоҳдорӣ ва воситаҳои техникӣ, бевосита дар зери нури офтоб ҷой доштани онҳо ва риоя накардани оддитарин талаботи санитарию гигиенӣ, эҳтимолияти пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ, алалхусус бемориҳои шадиди меъдаю рўда, заҳролудшавӣ ва бемориҳои сироятии оммавии бо ғизо ва ба об алоқамандро дар байни аҳолӣ зиёд мегардонад.

Бинобар ин Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳр аз сокинон ва меҳмонони шаҳри бостонии Хуҷанд эҳтиромона даъват ба амал меорад, ки дар баробари маҳсулоти зикршуда, ҳамчунин ҳангоми истеъмоли консерваҳои хонагӣ, хуришҳои дар шароити хона тайёркардашуда, калла почаю шикамбаҳои ҷўшонидашуда ва яхнӣ, ҳасибҳо, сихкабобҳо, шарбатҳо, коктейлҳои ширӣ, яхмоси муолим ва ғайраҳо, ки бар хилофи талаботи санитарию гигиенӣ дар ҳавои гарм ба фурўш бароварда шудаанд, худдорӣ намоянд. Зеро саломатии инсон ин гавҳари ноёбест.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд