(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар толори варзишии шаҳри Хуҷанд хониши сиёсӣ пеш аз баргузории машғулияти варзишӣ оид ба каратэ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ доир ба таваҷҷуҳ ва дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонону варзишгарон аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар ибрози андеша намуд.

Таъкид гардид, ки туфайли дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгарони мамлакат дар мусобиқаҳои дохиливу байналмилалӣ фаъолона ширкат намуда, шараф ва нуфузи кишвари соҳибистиқлоли моро баланд мебардоранд.

Дар рафти суҳбат варзишгарон аз вазъи ҷаҳони муосир бештар огоҳӣ пайдо намуда, аз онҳо даъват ба амал оварда шуд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва муқобили ҳама гуна зуҳуроти номатлуб бо нерӯи ҷисмониву зеҳнии худ, иштироки фаъолона дар мусобиқаҳои варзишӣ муборизаи беамон баранд.

"Машғул шудан бо варзиш ба Шумо ҷавонон имконият медиҳад, ки доимо солиму бардам ва руҳану ҷисман қавӣ бошед, ба сӯи музаффариятҳои навин қадамҳои устувор гузоред"- зикр ёфт дар суҳбат.

Варзишгарон низ дар навбати худ сухан карда, изҳор доштанд, ки минбаъд низ тамоми қувваи худро барои тарғиб ва аз худ намудани ин намуди варзиш сафарбар месозанд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд