(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Ба истиқболи 25 солагиии Ваҳдати миллӣ ва 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони қитъаи чароғонкунии Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагию манзилии шаҳр соҳиби бинои нави маъмурӣ мегарданд.

Имрўз аз ҷониби Раиси виояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва сохтмончиёну кормандони соҳаи ободонии шаҳр бо гузоштани нома ба наслҳои оянда, санги асоси бинои маъмурии қитъаи чароғкунии Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагию манзилии шаҳр воқеъ дар маҳаллаи Ҷаббор Расулови шаҳр гузошта шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои маъмурӣ аз ду ошёна бо таҳхонааш бунёд гардида, дорои 10 ҳуҷраҳои корӣ, маҷлисгоҳ ва ҳамчунин биноҳои ёрирасонии хоҷагидорӣ ва ғайраҳо иборат мебошад. Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии вилоят ва пудратчии он ҶДММ “Авитсенна” муайян шудааст.

Бояд қайд намуд, ки қитъаи чароғонкунии Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагию манзилии шаҳр яке аз идораҳои ободонии шаҳр маҳсуб ёфта ба тавозуни он беш аз 8000 адад нуқтаҳои чароғонкунии шаҳр маҳсуб аст. 23 нафар кормандон фаъолият доранд. Идораи мазкур ба бинои феълӣ ҳанўз соли 1972 кўчида омада, бинои он хеле фарсудаю корношоям гардидааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки дар доираи корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба санаҳои таърихии миллат бинои маъмурии қитъаи чароғонкунии Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагию манзилии шаҳри Хуҷанд аз нав сохта мешавад ва барои кормандони ин ниҳод тамоми шароитҳои замони муосир муҳайё мегардад.

Раиси вилоят ба сохтмончиён ҷиҳати анҷом додани босифати корҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод. Таъкид шуд, ки он бо истифода аз масолеҳи сохтмони ватанӣ сохта шавад.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд