(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар асоси нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар самти масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар МТМУ №22-и шаҳр «Рўзи мудофиаи гражданӣ»-и намунавӣ ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар чорабинӣ муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Хайрулло Ғайбуллозода, намояндагони сохторҳои Вазорати ҳолатҳои фавқуллода, мақомоти корҳои дохилӣ, хадамоти тиббӣ, сўхторнишонӣ, сарварони муассисаҳои таълимӣ ва дигарон иштирок намуданд.

Нахуст бо иштироки маъмурияти муасисаи таълимӣ, меҳмонон ва хонандагон ҷамъомади пагоҳирўзӣ бахшида ба «Рўзи мудофиаи гражданӣ» баргузор намуда, ҳадафи гузаронидани чорабиниро шарҳ доданд.

Таъкид шуд, ки мақсади чорабинӣ фаҳмонида додани тадбирҳои умумидавлатӣ ва муҳофизатие, ки баҳри ҳимояи аҳолӣ, иқтисодиёт ва ҳудуди Тоҷикистон дар ҳолатҳои фавқулодда равона шудааст, мебошад. Ҳамзамон ба ин васила баланд бардоштани дониш ва малакаи амалии хонандагон дар соҳаи ҳифзи шаҳрвандӣ, дар вуҷуди хонандагон ташаккул ва инкишоф додани хислатҳои баланди рўҳию маънавӣ, ҳисси масъулиятшиносӣ, ҳифзи моликияти давлатию ҷамъиятӣ, тарбия намудани хонандагон дар самти баланди рўҳию маънавӣ, ҳушёрӣ ва фидокорӣ мебошад.

Сипас дар якчанд синфхонаҳои МТМУ №22 дарсҳои намунавӣ вобаста ба пешгирии ҳолатҳои фавқуллода ташкил карда шуд, ки меҳмонон дар он иштирок намуданд.

Бо баробари задани «Бонки хатар»-и эҳтимолӣ ҳолати эвакуатсионӣ, намоиши амали гуруҳҳои ғайринизомӣ ва шуъбаи ҳолтаҳои фавқулодда, хадамот тиббӣ, сўхторнишонӣ ба маҳорати баланд иҷро карда шуд. Ҳолатҳои бавуқуъомада, аз ҷумла сўхтор фавран бартараф карда шуд.

Чорабинии «Рўзи мудофиаи гражданӣ»-и намунавӣ ҷамъбаст гардида, фаъолон бо «Сипоснома» ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд