(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

alt Дар МТМУ №20-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовинони сарварони муассисаҳои таълимии шаҳр машварат баргузор гардид.

Муҳайё Акмалхўҷаева, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд машварат оғоз намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки бо мақсади анҷоми соли таҳсили 2021-2022 фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба анҷоми соли таҳсили 2021-2022, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид. Мувофиқи банди 1-и фармоиши мазкур машғулияти таълимӣ дар синфҳои 1-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 25 май ва дар синфҳои 2-11 (12)-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ 1 июни соли 2022 ба анҷом мерасад. Дар бандҳои дигари фармоиш гуфта шудааст, ки аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 4-8-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (рӯзона) аз 3 то 10 июн, синфҳои 5-8 ва 10-11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии ғоибона аз 3 то 10 июни соли 2022 гузаронида шавад.

Дар ҷараёни машварат масоили дигари рўзмарраи соҳа мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Сипас дар синфхонаҳои алоҳида дарсҳои кушод бо ҳузури муовини сарварони муассисаҳои таълимии шаҳр гузаронида шуданд. Баъдан машғулиятҳо таҳлилу баррасӣ гардиданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд