(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

alt Дар МДТ "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси маъмурияти муассисаи таълимӣ ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои беҳтарини олам ба роҳ монда шуда, хонандагони муассиса дар озмунҳои гуногуни донишгоҳҳои беҳтарини олам иштирок намуда, аз грантҳои омӯзишӣ бархурдор гардида истодаанд.

Супоридани имтиҳон дар донишгоҳҳои беҳтарини дунё тариқи эссе ва озмунҳои мухталиф сурат гирифта, яке аз талаботи асосии он донистани амиқи забони англисӣ ба шумор меравад.

Тибқи иттилоъи директори Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд Сурайё Неъматова хонандагони синфи 11 -уми муассисаи мазкур Амирбек Зокиров ва Самандар Самандаров дар озмунҳои навбатии Донишгоҳҳои Амрико ва Швейтсария барои ба даст овардани грантҳои омӯзишӣ дар соли 2022 иштирок намуда, соҳиби Шоҳҷоиза - гранти омӯзишӣ ба маблағи 300 хазор доллари амрикоӣ дар Донишгоҳи бонуфузи кишвари Амрико ва Швейтсария гардиданд.

Донишгоҳи Уолш (Walsh University)-и штати Огайои кишвари Амрико ва Донишгоҳи Франклин дар кишвари Швейтсария бо ирсоли мактуби расмӣ эълони омодагии қабули хонандаҳои тоҷикро тариқи буҷавӣ(ройгон) ба донишгоҳҳои мазкур намуданд.

Лозим ба таъкид аст, ки донишгоҳҳои мазкур ба гурӯҳи донишгоҳҳои бонуфузи олам шомил буда, 4 соли омӯзиш дар ин донишгоҳҳо аз 120 ҳазор то 170 ҳазор доллари амрикоӣ мебошад.

Амирбек Зокиров ва Самандар Самандаров - хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд аз омилҳои ба ин муваффақияти комил расидани худро аз омӯзгорони серталаби муассиса, ки беҳтарин мутахассисон дар риштаи худ мебошанд, инчунин ҳамкории байналмилалии Литсей бо донишгоҳҳои бонуфузи олам ва омӯхтани пурраи фанҳои таълимӣ дар муассиса бо забони англисӣ медонанд.

Хонандагон кайд намуданд, ки дар муассиса тамоми имконият барои омӯзиши амиқи забони англисӣ фароҳам буда, иштирок ва ғолибият дар олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, ки талаботи асосии онҳо донистани забони англисӣ ҳаст имкон дод, то ба осонӣ дар озмунҳои Донишгоҳҳои беҳтарини олам ғолиябитро ба даст оваранд.

Амирбек Зокиров ният дорад дар оянда дар риштаи бизнес-идоракунӣ ва Самандар Самандаров дар риштаи IT - технология омӯзиш дида, баъди хатми донишгоҳ баҳри пешрафти кишварамон саҳми худро гузоранд.

Лозим ба таъкид аст, Самандаров Самандар соли 2021 дар даври ҷумҳуриявии озмуни "Илм - фурӯғи маърифат" ҷойи ифтихориро соҳиб гардида, ғолиби озмуни "Ихтироъкорон ва навоварони наврасу ҷавон"- и вилояти Суғд мебошад. Амирбек Зокиров ғолиби чандкаратаи олимпиадаҳои фаннӣ дар кишвари Туркия, Таиланд ва Малайзия маҳсуб меёбад.

Ин дастоварди аввалини хонандагони ин боргоҳи таълимӣ дар ин самт набуда, чанде қабл хонандаи Литсей Алишер Қосимов соҳиби Шоҳҷоиза - гранти омӯзишӣ ба маблағи беш аз 1 миллион доллари амрикоӣ дар 8 Донишгоҳи кишвари Амрико ва моҳи декабри соли 2021 се нафар хонандагони ин Литсей Алиҷон Усмонов, Абӯбакр Комилов ва Аслан Насратшоев дар олимпиадаи байналмиллалӣ дар кишвари Таиланд ғолиб омада, соҳиби Шоҳҷоиза 220 ҳазор доллари амрикоӣ гранти омӯзишӣ дар Донишгоҳи Амрикои Шимолӣ гардида буданд.

Омӯзгорони ин боргоҳи таълимӣ пайваста талош мекунанд, баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълим корбарӣ намоянд.

Ба гуфти роҳбарияти муассиса омӯзгорон таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати донистани забони англисӣ барои мутахассисони соҳаи мамлакатро сармашқи кори худ карор дода, оиди иҷроиши дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки соли хониши 2020-2021 аз 45 нафар хатмкунандагони МДТ "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Хуҷанд 40 нафар ба донишгоҳҳои бонуфузи кишвари Амрико, Британияи Кабир, Фаронса, Италия ва Руссия дохил шуда, боқимонда 5 нафар дар донишгоҳҳои олии ҷумҳурӣ омӯзиш дида истодаанд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд