(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар толори Маҷмааи варзиши вилояти Суғд мусобиқаи кушоди шаҳри Хуҷанд оид ба тенниси рӯи миз оид ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи XVl- уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид.

Мусобиқаи мазкур байни варзишгарони солҳои таваллудашон 2004-2007, 2008 ва хурд санаҳои 9-10 апрели соли чорӣ сурат гирифт. Дар мусобиқаи зиёда аз 60 нафар варзишгарон, аз ҷумла 24 нафар духтарон иштирок ва байни ҳам рақобат намуданд.

Таъкид шуд, ки ҳадаф аз баргузории мусобиқаҳои мазкур ҷалби оммаи васеъ ба варзиш ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ба ин васила пешгирии ҷавонон аз қонуншиканиву ҷинояткорӣ ва даст задан ба падидаҳои номатлуб мебошад.

Дар анҷоми мусобиқа ба ғолибону ҷоизадорон диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд