(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар маҷлисгоҳи хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мулоқоти озоду ошкорои Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо раисони 22 маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд бо мақсади тақвияти корҳои ободонию созандагӣ, тарғиби дастовардҳои Истиқлолият, таъмини зиндагии шоиста ба мардум сурат гирифт.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода мулоқотро ҳусни оғоз бахшида, иттилоъ дод, ки тайи чанд рўз аст, ки Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо ҳайати кормандони вазорат дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони Ҳукумати кишвар, ки дар чорабиниҳо ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ-35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вобаста шуда буданд, бо сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд қарор доранд.Дар ҷараёни сафар аз раванди корҳои ободонию созандагӣ ва иҷрои нақшаву барномаҳои тарҳрезишуда ошноӣ пайдо карда шуд.

Сипас Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки мардуми шарафманди Хуҷандшаҳр баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои амалӣ андешида, барои ноил гаштан ба нишондиҳандаҳои назаррас аз тамоми иқтидорҳою имкониятҳо самаранок истифода бурда, ба дастовардҳои арзанда комёб шудаанд. Шоистаи зикр аст, ки кулли сокинони шаҳр бо руҳияи баланди меҳанпарастӣ дар самти тараққиёти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, пешбурди паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, фарҳангию маънавӣ, равнақи созандагию бунёдкорӣ тадбирҳои рўзафзун андешида, дар натиҷаи фаъолияти бонизоми мақомоти маҳаллӣ, азму талош ва заҳмати софдилонаи кулли сокинони шаҳр ҷиҳати таъмини рушди устувори соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ, зиндагии шоистаи аҳолӣ дар давраи ҳисоботӣ ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардидаанд.

Сипас Ҷамолиддин Абдуллозода таваҷҷуҳи раисони маҳаллаҳоро ҷиҳати дар амал татбиқ кардани нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои супоришҳои қаблии Президенти мамлакат, дастурҳои маҷлиси навбатии Ҳукумат, вусъати корҳои ободонӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, мусоидат ҷиҳати афзоиши истеҳсоли маҳсулот, боло бурдани иқтидори содиротии корхонаҳои саноатӣ, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ, сафарбар намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, баланд бардоштани маърифати шаҳрдорӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ҷалб намуда, ба эшон супоришҳои мушаххас дод.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд