(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altВазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Хуҷанд аз фаъолияти якчанд адад муассисаҳои тиб ва маориф ошноӣ пайдо намуд. Дар ин сафар мавсуфро Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва дигар шахсони масъул ҳамроҳӣ намуданд.

Нахуст аз фаъолияти Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кўдак»-и шаҳри Хуҷанд шиносоӣ пайдо карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин муассисаи иҷтимоӣ кўдакон ба парвариш фаро гирифта, тамоми шароит муҳайё гардидааст.

Зимни суҳбат бо мураббиён ва кормандони ин Марказ Ҷамолиддин Абдуллозода иброз дошт, ки барои кўдакон беҳтарин шароит муҳайё карда шавад, имрўз Давлату Ҳукумати мамлакат иқтидор дорад, ки чунин қишри ҷомеаро ба парвариш ва ғамхории доимӣ фаро гирад.

Ба тарбиятгирандагони ин Марказ туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода тақдим карда шуд.

Кўдакон дар васфи Ватан, Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ваҳдат шеъру таронаҳо қироат намуданд.

Зимни шиносоӣ бо таваллудхонаи шаҳрӣ иттилоъ дода шуд, ки имрўз дар ин муассисаи тиббӣ беш аз 260 нафар кору фаъолият доранд. Бо ҳисоби миёна дар ин ҷо дар як шабонарўз аз 2 то 10 нафар тифл ба дунё меояд. Тамоми модарон ва кўдакони навзод ба нигоҳубини хуб фаро гирифта шудаанд. Муассисаи тиббӣ бо таҷҳизоти муосири пешрафта таъмин буда, сатҳи хуби хизматрасонӣ ҷорӣ карда шудааст.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба роҳбарияти таваллудхонаи шаҳрӣ дастур дод, ки сатҳи хизматрасониро боз ҳам баланд бардошта, барои сиҳатии модару кўдак тадбирҳои фаврию доимӣ андешанд.

Ҷамолиддин Абдуллозода дар муассисаи хусусии тиббии хизматрасонии «Ортопедия ва технологияи муосир» бо раванди хизматрасонӣ ба беморон ва шароити ин муассисаи нави тиббӣ аз наздик шинос гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки он аз ҷониби соҳибкорӣ ватанӣ Фарҳод Ҳакимов таъсис дода шуда, сардухтури муассиса Шамсиддин Тошматов мебошад.

Дар ин маркази хизматрасонии тиббӣ духтурони соҳибтаҷрибаи осебшиноӣ, ки дорои донишҳои муосири тиббӣ мбеошанд, сарҷамъ гардида, дар як шабонарўз метавонанд то ба 30 нафар беморон хизматрасонӣ намоянд. Аз ҷумла, мутахасиси соҳибкасб, осебшиноси маъруф, номзади илмҳои тиб сармутахасиси осебшиносии вилояти Суғд Шуҳрат Зиёбоев мебошад, ки дорои таҷрибаи зиёд ва дониши муосири тиббӣ аст.

Бино аз 3 ошёна иборат буда, табобат ва ҷароҳҳии бемориҳои гуногун аз ҷумла, эндопротескунонии буғуми кос ва буғуми зону, амалиётҳои реканструксионӣ, табобати таъҷилии шикасти устухон, табобат ва барқароркунии беморони гирифторииҳои пас аз Ковид 19, ташхис ва табобати муртшавии устухонҳо ва остеохондрозҳо ва ғайраҳо роҳандозӣ гардидааст.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба фаъолияти кории ин маркази хизматрасонӣ баҳои баланд дода, аз роҳбарияти он даъват ба амал овард, ки зимни хизматрасонӣ бо усули муосир ва технологияҳои пешрафта истифода намуда, барои фаъолияти густурдаи он тамоми беморонро аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз ҳудуди мамлакат ба табобат фаро гиранд.

Дар муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбӣ-хизматӣ»-и шаҳри Хуҷанд бо фаъолияти таълимию тарбиявии ин муассисаи миёнаи касбӣ шиноӣ пайдо карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин муасссиаи таълимӣ аз рўйи 8 ихтисос: ошпаз, қаннод, челонгар, барқчӣ, дўзанда, барқчии автомобилӣ ва ғайра барои 446 нафар хонандагон таълиму тарбия омўзонида мешавад.

Баъди шиносоӣ бо фаъолияти муассисаи таълимӣ Ҷамолиддин Абдуллозода барои боз ҳам беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ба масъулин дастуру супоришҳо дода, омодагии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои пешрафти корашон изҳор дошт.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд