(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади оммавӣ гардонидани варзиш, бахусус бозии намуди баскетбол, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҷалби васеи ҷавонон, аз ҷумла духтарон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба баскетбол байни ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бахшида ба 25 солагии Ваҳдати миллӣ ва истиқболи 30 - солагии Иҷлосияи тақдирсоз аз 14 март то 5 апрели соли равон ташкил ва баргузор гардид.

Мусобиқа тибқи нақшаи якҷояи федератсияи баскетбол, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд доир гардида, дар он зиёда аз 300 нафар писарон ва духтарони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар ҳайати 30 даста байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Марҳилаи аввали мусобиқа дар ду минтақаи соҳили рост ва соҳили чап гузаронида шуда, бозиҳои финалӣ дар толори варзишии Муассисаи давлатии таълимии Мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳр баргузор гардид. Дар натиҷа байни духтарони муассисаҳои таълимӣ сазовори ҷойи 1 дастаи “МТМУ№20”, ҷойи дуюм дастаи №9 ва тими “МТМУ №11 ва дастаи “МТМУ №31”мақоми сеюмро ба даст оварданд.

Байни писарон сазовори ҷойи якум дастаи “МТМУ №20”, ҷойи 2 дастаи “МТМУ №16” ва ҷойи 3 насиби гимназияи №13 ва МТМУ №9 гардиданд. Ҳамин тавр, ҳам дар бахши писарона ва ҳам дар бахши духтарона даспарварони МТМУ №20 ғолибияти мутлақи мусобиқа эътироф гардида, Ҷоми мусобиқаро бо туҳфаҳои хотиравӣ, ки аз ҷониби Федератсияи баскетболи шаҳри Хуҷанд таъсис дода шуда буд, ба даст оварданд.

Дар Маросими ҷамъбастии мусобиқа муовини Раиси шаҳр Фирўза Нуруллозода, раиси Федератсияи баскетболи шаҳр Ҷумъабой Абдулакимов, собиқадорони соҳаи варзиш иштирок ва суханронӣ намудд. Таъкид шуд, ки соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар маҳсуб ёфта, он маҳз ба хотири таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат намудан ба омодакунинии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Туфайли дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгарони мамлакат дар мусобиқаҳои дохиливу байналмилалӣ фаъолона ширкат намуда, шараф ва нуфузи кишвари соҳибистиқлоли моро баланд мебардоранд.

Машғул шудан бо варзиш, бахусус бозии навъи баскетбол ба ҷавонон имконият медиҳад, ки доимо солиму бардам ва руҳану ҷисман қавӣ бошанд, ба сӯйи музаффариятҳои навин қадамҳои устувор гузоранд.

Ба ғолибон медал ва туҳфаҳои таъсиснамудаи Федератсияи баскетболи шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд