(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба мумфаршкунии асосии роҳи кӯчаи 15 солагии Истиқлолияти маҳаллаи «Навбаҳор»-и шаҳри Хуҷанд расман ҳусни оғоз бахшида шуд.

Дар маросими маъракаи мумфаршкунӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дод, ки бо дастур ва раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 25 солагии Ваҳдати миллӣ ва 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави вилоят бунёди садҳо адад иншооти таъиноташ гуногун бомаром идома дорад.

Роҳбари вилоят гуфт, ки ин амали хайри мумфаршкунии роҳ дар заминаи дастури Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ҳамасола дар гӯшаву канори кишвар амалӣ карда мешавад.

Итилоъ дода шуд, ки роҳи кӯчаи 15 солагии истиқлолият аз буриши кӯчаи Сирдарё то автовакзали Абрешимназдик 1 километр буда, паҳноии он ба ҳисоби миёна то 17 метр мебошад. Ҳаҷми умумии корҳо беш 15 980 метри мураббааъ мебошад. Фармоишгар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва пудратчии корҳо Идораи роҳсозии шаҳри Хуҷанд мебошад.

Аҳли маҳаллаи «Навбаҳор»-и шаҳр аз ин иқдомоти созандаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд истиқболи гарм намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки ҳамагон дар канор наистода, бо ҳамраъйии Давлату Ҳукумат диёри хешро то 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ободу мунаввар менамоянд.

Сипас, бо дуои неки пирони маҳалла ба мумфаршкунии асосии роҳ ҳусни оғоз бахшида шуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд