(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мулоқоти нозири калони шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Васлибек Нарзизода бо мудирони шуъбаву сохторҳои шаҳрдорӣ ва дигар шахсони масъул баргузор гардид.

Хайрулло Ғайбуллозода, муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд нишастро оғоз бахшида, аз ҷумла афзуд, ки мақсади асосии баргузории мулоқот — ин баланд бардоштани мафкураи зиддикоррупсионӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳли ҷомеа, пешгирӣ намудани содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таъмини иҷрои қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ арзёбӣ мегардад.

Васлибек Нарзизода, нозири калони шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баромад намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки таъсиси ниҳоди махсусгардонидашуда — Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия яке аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо коррупсия мебошад, ки вазифаи он аз назорати истифодаи дуруст ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, амволи давлатӣ, таҳкими қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин манфиатҳои давлат ва ҷомеа иборат мебошад. Вазифаҳои мақомоти мубориза бар зидди коррупсия муҳиму мураккаб буда, онҳо ба ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои давлату ҷамъият, ташкилоту идораҳо, таъмини қонуният, ошкор ва пешгирӣ намудани кирдорҳои коррупсионӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳгор равона гардидаанд ва аз кормандон донишу малакаи пухтаи касбӣ ва масъулияти баланд тақозо мекунанд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии фаъоли раванди ҷаҳонии муқовимат ба коррупсия гардид ва дар сатҳи миллию байналмилалӣ чораҳои дахлдори ташкилию ҳуқуқиро андешид. Дар сатҳи байналмилалӣ яке аз ҳуҷҷатҳои асосӣ ва муҳими ҳуқуқӣ, ин аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сентябри соли 2006 ба имзо расонидани Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия ба шумор меравад.

Таъкид шуд, ки коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллии як қатор давлатҳо ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии онҳо эътироф гаштааст. Коррупсия — амали номатлуби шахс буда, муқовимат бо он, пешгирӣ, ошкор кардан, кушодан, таҳқиқу тафтиши ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва ба ҷавобгарӣ кашидани субъектҳои ҳуқуқвайронкунии ба коррупсия рабтдошта вазифаи ҷонии ҳар шаҳрванди ватандӯсти кишвар маҳсуб меёбад.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд