(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Маркази дўстӣ ва якдигарфаҳмии байнидавлатии Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии политехникии шаҳри Хучанд тренинги омўзишӣ барои ҷавонон баргузор гардид.

Зикр гардид, ки дар доираи тадбиқи Лоиҳаи байнисарҳадии муносибатҳои кишварҳои Осиёи Миёна оид ба пойдории сулҳу субот ва таҳаммулпазирии Фонди Аврупо дар шаҳри Хуҷанд барои ҷавонон тренинги омўзишӣ ҷиҳати мубоҳисоти озод ва сулҳҷўёнаи гуфтугўӣ роҳандозӣ шуда истодааст.

Дар ҷараёни тренинг ҷавонон бо роҳу усулҳои раванди барномаҳои баҳскунии кушод ва сулҳҷуёна, гуфтугўи судманди тарафайн барои баррасии муаммои актуалӣ, инкишофи фитрии ҷавонон ва наврасон, тавсеаи тафаккури интиқодӣ оид ба фаҳмиши ниҳоӣ, пешбурди робитаи самаранок бо максади фаъолгардонии мавқеи ҳаёти рўзмараи ҳаёти ҷавонон, пешгирии ыавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, дарки муносибат ба саволҳои огоҳӣ азтаваккалкунӣ ва ҷилавгирӣ аз хатари саргумӣ байни ҷавонон, инчунин ташаккулёбии дониш, малака барои мустақилона ҳал кардани суҳбатҳо ва майдони баҳсиро омўхтанд.

Бояд қайд намуд, ки дар доираи лоиҳаи «Муколамаи бисёрҷонибаи байнисарҳадӣ барои таҳаммулпазирӣ ва сулҳ дар Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, дар шаҳри Хуҷанд силсилаи чунин тренингҳо оид ба омӯзонидани тренерони ҷавон оид ба технологияҳои баргузории баҳсҳо, мубоҳисаҳо ва идоракунии маҳфилҳои мубоҳисавӣ ташкил карда мешаванд.

Ҳадафи он ташаккули заминаҳои муколамаи кушоду осоишта барои пешбурди ғояҳои дӯстии байни миллатҳо ва ҳамдигарфаҳмӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии се кишвар: Тоҷикистон, Ўзбекистон ва Қирғизистон мебошад.

Қарор аст, ки пас аз омӯзиш тренерони ҷавон дар асоси дастурҳои дар доираи лоиҳа таҳияшуда мустақилона ба ташкили барномаву маҳфилҳои мубоҳисавӣ шуруъ намуда, таҷрибаи андӯхтаро ба ҷавонони минтақаи худ бо усули муосир омўзонида, ба ин васила нерўи ҷавононон баланд ва ҳадафнок сафарбар менамоянд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд