(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрўз дар Иди Наврўзи байналмилалӣ аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода як зумра бознишастагон, аз ҷумла: Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, вакили Иҷлосияи тақдирсоз Баҳриддин Аҳмадов, собиқ вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии ИҶШС, бофандаи моҳир Махфират Дадобоева, собиқадори соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ Муборак Неъматова, Корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Исрофил Бобомаликов, собиқадори маориф Тавҳида Баҳриддинова ва дигаронро аёдат ва ба эшон туҳфаҳои наврўзӣ тақдим карда шуданд.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни ироаи номаи табрикотӣ ба муносибати Наврўзи байналмилал аз ҷумла афзуд, ки Наврӯз аз ҷашнҳои қадимаи мардуми ориёинажод, яке аз рукнҳои муҳимми худшиносиву худогоҳӣ, унсури ҷудоинопазири фарҳанги миллӣ буда, гузаштагонамон онро ҳамчун пайки шодиву сурур, оғози бедории табиат, мавсими киштукори баҳорӣ ва фасли шукуфоӣ таҷлил менамуданд.

Боиси ифтихор аст, ки бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон – Тоҷикистон бо шукӯҳу нусрати хос дубора эҳё гардида, ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфт. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ вобаста ба моҳияту мазмуни ин ҷашни бошукӯҳ аз ҷумла чунин таъкид намуданд: “Мантиқу фалсафа ва моҳияту ҳикмати Наврӯз аз донишу хирад, меҳру муҳаббат, сулҳу субот ва шодиву нишот иборат буда, дар тӯли ҳазорсолаҳо барои мардуми мо ҳамчун омили ҳастисозу муттаҳидкунанда хизмат кардааст. Зеро ин ҷашн ба қалби хурду бузург суруру шодӣ мебахшад.

Зимни суҳбати самимӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз хизматҳои шоёни бознишастагон дар рушду тараққиёти ҷомеа ёдоварӣ намуда, онҳоро барои ҷавонони имрўз мояи ифтихор ва пайравӣ унвон намуд.

Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, вакили Иҷлосияи тақдирсоз Баҳриддин Аҳмадов, собиқ вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии ИҶШС, бофандаи моҳир Махфират Дадобоева, собиқадори соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ Муборак Неъматова, Корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Исрофил Бобомаликов, собиқадори маориф Тавҳида Баҳриддинова аз ин таваҷҷўҳу ғамхориҳо ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории самимонаи хешро расониданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд