(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altВазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, дар тантанаҳои идонаи онҳо иштирок намуда, онҳо аёдат ва туҳфаҳои наврўзӣ такдим доштанд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода таъкид намуд, ки яке аз суннатҳои бисёр неку шоистаи Наврўз он аст, ки одамон ба истиқболи ин ҷашни фархунда натанҳо макони зисту ашёи рўзгор ва сару либоси хешро нав ё тозаву озода мегардонанд, балки қалбу ботини худро аз кинаву адоват ва хушунату бадбинӣ пок месозанд, ҳамдигарро бо чеҳраи кушоду оғўши пурмеҳр истиқбол мегиранд. Мо дар рўзҳои ҷашни Наврўз тантанаи воқеии шиори абадзиндаи ниёгони хирадмандамон - «Гуфтори нек, пиндори нек, рафтори нек»-ро мушоҳида мекунем.

Боз як суннати беҳтарини Наврўз бахшиши гуноҳҳо, навозиши ятимону аёдати маъюбон, бепарасторон ва хайру саховат ба дармондагону ниёзмандон аст. Боиси қаноатмандист, ки дар баробари Давлату Ҳукумат ҷавонмардони саховатманд ин анъанаи неки ниёгонро идома бахшида, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату мўҳтоҷон дасти мадад дароз мекунанд.

Беҳтарин дастоварду хушбахтии инсон дар фазои сулҳу субот бо ёру бародарон зистан мебошад. Бузургони илму адаби мо ҳамин дўстиву ҳамбастагӣ, ифтихори милливу ватандорӣ, хештаншиносӣ ва расидан ба қадри сулҳу субот ва оромиву осоишро ҳамеша васфу ситоиш кардаанд. Мо ҳам бояд шукрона кунем, ки имрўз дар фазои озод, дар мамлакати соҳибихтиёру обод ва дар шароити сулҳу суботи комил таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургтарин ҷашни аҷдодиамон - Наврўзро таҷлил менамоем.

Сипас ба бошандагони Марказ яхдон, мошини ҷомашўйӣ, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Ҳамзамон дастархони идонаи наврўзӣ барои 53 нафар бошандагони ин муассисаи иҷтимоӣ густурда шуд.

Бошандагони Марказ барои чунин таваҷҷуҳ ва амали хайрхоҳона ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи миннатдорӣ намуданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд