(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрўз Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо раванди тадбирҳои ободонию созандагӣ ва корҳои таҷдиду азнавсозӣ дар бинои асосии ҷарроҳию табоботии беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 ошноӣ пайдо намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои чорошёнаи ҷарроҳию табобатии беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба таҷдиду азнавсозӣ фаро гирифта шудааст. Бинои мазкур ҳанўз соли 1972-и асри гузашта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, то ҳол аз таъмири кулл бароварда нашудааст. Дар бинои номбурда шуъбаҳои қабул, эҳё, ҷарроҳҳии фасоднок, ҷарроҳии калонсолон, осеби хурдсолон, осеби калонсолон, бемориҳои сўхта, ҷарроҳии бачагона, корпуси ҷарроҳикунонӣ ва ғайраҳо ҷойгир карда шуда, маҷмуан беш аз 250 кати табобатӣ барои беморонро фаро мегирад.

Ҷамолиддин Абдуллозода зимни шиносоӣ бо лоиҳаи ангории таҷдиду азнавсозии бинои ҷарроҳию табобатии беморхона таъкид намуд, ки дар заминаи сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба соҳаи тандурустӣ афзудааст. Зеро талаботи замони муосир моро водор месозад, ки ба шароити табобату муоилиҷа ва барқароркунии саломатии шаҳрвандон аҳамияти хоса диҳем. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ омода аст, ки беморхонаро бо техникаву таҷҳизоти муосир таъмин созад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки бинои мазкури беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 бо дарназардошти талаботи муосири тиббӣ давоми соли ҷорӣ пурра таҷдиду азнавсозӣ гардида, имконияти хуберо барои сокинони шаҳр ва атрофи он баҳри ба ташхису табобат фаро гирифтан муҳайё карда мешавад.

Зимни боздид аз майдонҳои ҳудуди беморхона аз ҷониби роҳбарияти Вазjрати тандурустӣ ва вилоят ба масъулин дастур дода шуд, ки ҷиҳати истироҳату фароғати беморон ва пайвандони онҳо беҳтарин шароити тафреҳӣ муҳайё карда шавад. Саҳни иншоот низ мувофиқ ба талаботи меъморӣ бунёд гардад ва барои сайру гашти табобатгирандагон ва ташрифи аёдаткунандагон имконияти зарурӣ фароҳам оварда шавад.

Бояд қайд намуд, ки дар ҳудуди беморхонаи мазкур бунёди бинои истгоҳи “Ёрии таъҷилӣ” ва ошхонаи замонавӣ низ бомаром идома дорад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки алъон корҳои сохтмонӣ аз тарафи ҶДММ «Сохтмонворидот» ҷараён дорад ва беш аз 50 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ бо кору фаъолияти доимӣ машғуланд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ҳамзамон аз Маркази гемодиализии беморхона, ки таҷҳизоти он бо маблағгузории Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) амалӣ гардидааст, боздид намуда, бо беморон ва табибон суҳбати озоду ошкоро намуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд