(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

alt Тибқи нақша-чорабиниҳои Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки сокинони маҳаллаи “Суғдиен” ва донишҷўдухтарони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба Рузи модар ва 25 солагии Рўзи ваҳдати миллӣ маҳфил адабӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Нақши занон дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ баргузор гардид.

Аз чониби занони фаъоли шаҳри Хуҷанд Зулфинисо Раҷабова ва Мунаввара Дадабоева роҷеъ ба дастоврадҳои Истиқлолият, таҳкими ваҳдати миллӣ, фарҳанги оиладорӣ, вазифаҳои зан дар оила, эҳтироми якдигар, пешгирии ҳар гуна ҳодисахои номатлуб, танзими анъанаҳои миллӣ, масьулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, эҳтироми волидайн ва дигар масьалаҳо андешаронӣ намуданд.

Таъкид шуд,ки Тоҷикистон дар тўли 30-соли соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастоварду комёбиҳои назаррас ноил гардида, дар арсаи ҷаҳонӣ бо қадамҳои устувор ба сӯйи ояндаи дурахшон қадам мениҳад. Сокинони мамлакат имрӯз ифтихор доранд, ки 30 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият ба пешрафту дастовардҳои беназир соҳиб гаштанд. Аз ҷумла, мақому манзалати занону бонувони тоҷик тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ воқеан ҳам боло рафт. Махсусан саҳми онҳо дар соҳаҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар торафт афзун ва назаррас мегардад.

Сарвари давлат барҳақ гуфтаанд: «Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, сарвари муваффақ, донишманди асил, табиби ҳозиқ, соҳибкори саховатпеша, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад. Кадом масъалаи дорои моҳияти иҷтимоию сиёсиро нагиред, ҳаллу фасли онҳоро бе иштироки фаъолонаи занон, бе дарназардошти фикру андешаи онҳо тасаввур кардан душвор аст».

Ин аст, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани ҳуқуқ ва озодии занону модарон, ҷалби васеи онҳо ба раванди татбиқи сиёсати давлатӣ, интихобу тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувон таваҷҷуҳи беандоза зоҳир мегардад, зеро ҷое, ки занону бонувон ҳастанд, назму низом ва самимияту меҳрубонӣ пойдор аст.

Ҷавобан ба ин ғамхориҳо бояд ҳар як духтар ва зани тоҷик дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва тарғиби анъанаҳои миллӣ фаъол ва саҳмгузор бошанд.

Мулоқот дар фазои озоду ошкоро баргузор гардид.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд