(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар кишвари Англия аз олимпиадаи байналмиллалии "Teeneagle" аз фанни забони англисӣ натиҷагирӣ карда шуд. Тибқи иттилоъи кумитаи тадорукоти озмун дар даври муқаддамотии озмуни мазкур 21 нафар хонандагони МДТ "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Хуҷанд ғолиб омада, ба даври финалии озмун, ки аз 31 июл то 7 августи соли дар пойтахти кишвари Англия шаҳри Лондон баргузор мегардад, роҳхат гирифта, ҳузури иштирок хоҳанд кард.

Ба иттилоъи директори МДТ "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Хуҷанд Сурайё Неъматова дар натиҷаи ҷамъбасти даври ниҳоии озмун хонандагони Литсей ба гирифтани 1 медали тилло, 4 нуқра, 16 биринҷию ифтихорӣ соҳиб гардиданд.

Аз ҷумла: Абдуллоева Фирӯза - хонандаи синфи 11 соҳиби медали тилло, Ясмина Ахророва хонандаи синфи 9, Дилбарҷон Ҷабборова хонандаи синфи 10, Фаррухи Фирӯз хонандаи синфи 10, Фаррухи Муҳаммад хонандаи синфи 9 соҳиби медалҳои нуқра, Ашӯрматов Муҳаммад хонандаи синфи 6, Ӯлмасов Абӯбакр хонандаи синфи 9, Нарзуллоев Шукрулло хонандаи синфи 7, Умедҷон Файзуллоев хонандаи синфи 9, Искандаров Искандар хонандаи синфи 9, Қосимов Парвиз хонандаи синфи 7, Фозилов Мубин хонандаи синфи 7, Шодмонов Шерозхуҷа хонандаи синфи 9, Мирфайёз Беҳрӯз хонандаи синфи 9, Атамуллоев Ғайбуллоҷон хонандаи синфи 9, Деҳқонова Фирӯза хонандаи синфи 7, Абдуллозода Амир хонандаи синфи 9, Ҳайдарзода Рамазон хонандаи синфи 9, Обидов Муҳаммад хонандаи синфи 7, Қобилов Исфандиёр хонандаи синфи 7, Абдушукуров Мустафо - хонандаи синфи 7 ҳамагӣ бо медалҳои нуқраю ифтихорӣ сарфароз гардиданд.

Лозим ба таъкид аст, ки хонандагони болаёқати Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд дар 6 моҳи соли таҳсили 2021-2022 дар олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар кишвари Амрико, Италия, Чин, Англия, Олмон, Туркия, Таиланд, Федератсияи Русия, Мексика ва Фаронса ҳузурӣ ва фосилавӣ иштирок намуда, соҳиби 212 медал аз ҷумла: 81 тилло, 57 нуқра ва 74 биринҷӣ гардиданд.

Гуфтанист, ки даври ниҳоии Олимпиада байналмилалии "Teeneagle" дар шаҳри Лондони кишвари Англия санаҳои 31 июл то 7 августи соли 2022 дар Донишгоҳи Брунели шаҳри Лондон баргузор гардида, ғолибони мақоми аввал, дуюм ва сеюм тибқи Низомномаи озмун ба 12 Донишгоҳҳои бонуфузи кишвари Англия ҷиҳати ройгон идома додани тахсил, роҳхат ба даст меоваранд.

Гуфтанист, ки олимпиадаи ҷаҳонии "TEENEAGLE" яке аз олимпиадаҳои бонуфуз дар риштаи забони англисӣ буда, аз ҷониби кишвари Англия ба хотири ҳарчи бештар паҳн намудан ва рушди забони англисӣ созмон дода шудааст.

Ба ҳаракати олимпиадаи мазкур беш аз 93 кишвари олам шомил аст.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд