(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

alt Дар асоси нақша- чорабинии шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд дар МТУЩ «Гулчини маърифат» дарси намунавии шаҳрӣ аз ҷониби омӯзгорони фанни биология ва физика, ки тибқи қарордод аз Федератсияи Руссия дар муассисаи мазкур кору фаъолият мебаранд, бо мақсади дар амал татбиқ намудани “Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2020-2040” баргузор карда шуд. Дар дарси кушод меҳмонон аз Маркази илмию фарҳангии Россия ва ҳамаи макотиби Хуҷандшаҳр ширкат варзиданд.

Дарси кушоде, ки аз ҷониби омӯзгори фанни биология– Бородина Елена Николаевна дар синфи 5 (б) дар мавзӯи “Значение растений в природе и жизни человека” гузаронида шуд, хеле ҷозибу рангин ва шавқовар буд. Дар дарс оид ба сабзавоту меваҷот ва аҳамияти онҳо зарбулмасалу мақолҳо аз ҷониби хонандагон баён гардид, мавзӯи нав бошад , бо воситаи пешкаши афсонаҳо аз тахтаи электронӣ, ки ба синну соли хонандагон мувофиқат мекард, оғоз гардид. Пас аз тамошои афсонаҳо хонандагон аз растаниҳое, ки дар он тасвир ёфта буданд, маълумоти пурра дода , аз аҳамияти онҳо низ ҳамаро бархурдор намуданд. Ҳамчунин истифодаи бозиҳои дидактикӣ, саволу ҷавобҳо бо воситаи варақаҳои фардии шавқовар ҳалли супоришоту ҷобаҷогузории расмҳои бурида, ёфтани чистонҳои илмӣ доир ба растаниҳо, дарк намудани маънии шеърҳо оид ба аҳамияти растаниҳо, навишти диктанти биологӣ , лаҳзаи дамгирӣ оид ба мавзӯъ, намоиши видеоролик , бозии “Зиёдатиашро дарёбед!”, пур кардани ҷадвалҳо, кор бо сандуқчаи сеҳрнок оид ба навъҳои щалладонагӣ , шарҳи аломатҳои шартӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ва дигар усулҳои фаъоли таълим истифода бурда шуд. Дарс хеле шавқовару пурмазмун гузаронида шуда, аз ҷиҳати илмӣ-методӣ ва тарбиявӣ ба талаботи дарси муосир ҷавобгӯ буд. Бо якчанд фанҳо , ба мисли фанни адабиёт, санъати тасвирӣ, география забони модарӣ ва щайра алоқамандкунии зич зоҳир гардид. Истифодаи воситаҳои техникаҳои таълим, тахтаи электронӣ, аёниятҳои гуногуни зебову диққатҷалбкунандаи таълимӣ пурсамар истифода бурда шуд.

Дарси дигар аз ҷониби омӯзгори фанни физика Холкин Александр Евгеньевич дар синфи 10б дар мавзӯи “Газовые законы” (Қонунҳои газ) бо шукӯҳу босамар гузаронида шуд. Дарс бо ба ҷо овардани одоби муошират оғоз гардида, сипас аз хонандагон оид ба мавзӯъҳои гузашта диктанти физикӣ гирифта шуд. Хонандагони синф ба 3 гурӯҳ ҷудо шуда, якчанд супоришоти таълимиро бо воситаи кори гурӯҳӣ тавонистанд вобаста ба ҳолатҳои газ ба тарзи графикӣ тағйир ёфтани онро нисбати 3 ҳолати газӣ тасвир карда, шарҳ диҳанд. Ҳамчунин аз ҷониби хонандагон оид ба ин мавзӯъ маълумотҳои муфассал баён шуд ва татбиқи онро дар ҳаёти ҳаррӯза ва техника дарк намуданд.

Муаррифии презентатсияҳо аз ҷониби гурӯҳҳо, кор бо варақаҳои фардӣ, иҷрои супоришот ба воситаи истифодаи тахтаи электронӣ дарсро рангину шавқовар ва дастраси толибилмон гардонид.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд