(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altГар зи ишқи Ватан ҳарф мезанӣ, сарбоз шав…

Хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаи таълимӣ бо шеъру суруд ва таронаҳо ҷолиб дар васфи Ватан, Артиши миллӣ, мардонагӣ, ҳифзи марзу бум барномаи фарҳангии хешро пешкаш намуданд.

Таъкид шуд, ки Хизмати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузори Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохтору воҳидҳои ҳарбӣ дар он аст, ки дар марҳилае, ки воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунии зиддидавлатӣ ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ аз рӯйи шумораи умумӣ аз неруҳои низомии давлатӣ бартарӣ доштанд, тавонистанд, ки стратегияи мушаххаси ҳам мубориза бо ин қувваҳои ҷиноятӣ ва ҳам созмон додани Артиши миллиро муайян намуда, онро ба амал бароранд. Таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳ ҳама давраҳои мушкили сохториро паси сар намуда, ба марҳалаи мувофиқ кардани сохтори худ ба воқеиятҳои амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ расиданд. Дар ин давра тамоми кӯшишу талош барои сайқал додани омодагии ҷангии ҷузъу томҳо, болоравии маҳорату малакаи касбӣ, риояи қонуният ва интизоми ҳарбӣ, такмили маърифати ҳуқуқии афсарону хизматчиёни ҳарбӣ равона карда шуд.

Имрӯз мо метавонем бо ифтихору қаноатмандӣ иброз намоем, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин бо сари баланд гузашта, рисолати хизмативу касбии худро бошарафона иҷро карданд ва Артиши миллии бисту нӯҳ сол пеш таъсисдодаи мо ҳоло ба як сохтори воқеан боэътимод ва муназзаму муосири давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон табдил ёфтааст.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд