(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Муассисаи давлатии Мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд мусобиқаи кушоди шаҳри Хуҷанд аз рўи намуди тэкван-до (ВКФ) баргузор гардид.

Мусобиқа бахшида ба Рўзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабинии бахши кор бо ҷавонон ва варзиш санаҳои 19-20 феврали соли 2022 доир гардида, дар он зиёда аз 150 нафар варзишгарон байни иштирок намуданд.

Тибқи низомнома дар мусобиқа кадетҳои солҳои таваллудашон 2011-2015, наврасони солҳои таваллудашон 2008-2010 ва ҷавонони 2005-2007 иштирок намуданд.

Мақсад аз баргузории мусобиқа ин рушди намуди варзиши таэкван-до (ВКФ), ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.

Дар охир дар вазъияти тантанавӣ ғолибону ҷоизадорон ва бозингарони беҳтарин бо диплому медал ва тўҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд