(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt

Ҳамдиёрони азиз!

Афсарону сарбозон ва собиқадорони гиромии Қувваҳои Мусаллаҳ!

Шумоёнро ба муносибати 29 – умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод менамоям.

Мусаллам аст, ки баробари соҳиби истиқлолияти давлатӣ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи аввалин иқдоми Ҳукумати кишвар ба вуҷуд овардани Қувваҳои Мусаллаҳ буд. Зеро ягон давлат бе Артиши миллии муҳтадир ва муҷаҳҳаз пойдор нест.

Ҳукумати мамлакат бо назардошти вазъияти тағйирёбандаи ҳарбӣ – сиёсии ҷаҳони имрўза ба таъмини моддӣ – техникӣ, пуррагардонии сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар эътибори хоса медиҳад. Дар ин ҷода, аз як тараф бо роҳи ташкил, пуррагардонӣ ва ҷобаҷогузории ҳисму воҳидҳои ҳарбӣ дар самти муҳими ҳарбӣ – стратегӣ, аз тарафи дигар бо роҳи муҳайё сохтани шароити мусоид барои сарбаландона иҷро намудани вазифаҳо дар ҳама ҳолатҳои фавҳулодда таваҷҷўҳи хоса зоҳир мегардад.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими Истиҳлолият ва иҳтидори мудофиавии он ҳарзи муҳаддаси ҳар як шаҳрванд аст. Ҷавонони мо бояд қарзи худро бо ҳисси ифтихор ва масъулият иҷро намоянд.

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат барои ҷавонон муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётӣ мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷо онҳо сабаҳи шуҷоату мардонагӣ, муҳофизат намудани Ватанро меомўзанд. Вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандўст афзун намудани дастовардҳои Истиқлолият ва таҳкими рукнҳои давлатдорист, ки яке аз онҳо Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад.

Мо бояд меҳру муҳаббат ва тамоми ҳастии худро ба он равона созем, то мардуми шарифи мо дарк намояд, ки артиши қобили ҳифзи марзу буми кишвари худро дорад ва халқ метавонад таҳти ҳимояи он ҳаёти осоишта барад.

Бори дигар ҳамаи Шумо хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳо ва мақомоту сохторҳои ҳарбӣ, инчунин тамоми ҳамшаҳриёни азизро ба муносибати солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, ба Шумо сиҳатию саломатӣ, рўзгори хуш, осмони соф, хушбахтии оилавӣ ва дар ҳифзи Ватан комёбиҳо орзу менамоям.