(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altТибқи нақша-чорабинии шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд дар МТМУҒ «Гулчини маърифат» бо мақсади дар амал татбиқ намудани «Барномаи давлатии такмил ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дарси намунавии шаҳрӣ аз ҷониби омўзгорони фанни забони англисӣ, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Олимов дар синфи 10 ва Мавсумахон Исломова дар синфи 7 бо иштироки маъмурият, омўзгорони муасисаи таълимии мазкур ва омўзгорони фании макотиби шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Дарси кушод аз ҷониби омўзгорони фанни забони англисӣ, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Олимов дар синфи 10 дар мавзуъи «Муқаддасоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида шуд. Дар ҷараёни таълим оид ба ҳар як муқаддасоти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти пурра дода шуда, истифодаи бозиҳои дидактикӣ, ҳалли кроссворду ребусҳо, Суруди миллӣ бо забони англисӣ, омонимҳо, ҷобаҷогузории ҳарфҳо ва дигар усулҳои фаъоли таълим истифода бурда шуд. Дарс хеле шавқовару пурмазмун гузаронида шуда, аз ҷиҳати илмӣ-методӣ ба талаботи дарси муосир ҷавобгў буд. Истифодаи воситаҳои техникии таълим, тахтаи электронӣ, аёнияти гуногун зебову диқатҷалбкунандаи таълимӣ пурсамар истифода бурда шуд.

Омўзгори пешқадаму навовар ва ҷавону умедбахши фанни забони англисӣ Мавсумахон Исломова дар синфи 7 дар мавзуъи «Исмоили Сомонӣ» машғулияти хубу хотирмон гузаронд.

Дар раванди дарс хонандагон оид ба Қаҳрамонони Тоҷикистон, бузургони илму адаб, ҷойхои таърихию сайёҳии кишвар, ки бо номи Исмоили Сомонӣ номгузорӣ карда шудааст, маълумоти муфассал доданд.

Ҳамчунин аз ҷониби хонандагон саҳнаи ҷолибе доир ба ҳаёту фаъолияти Асосгузори давлати Сомониён-Исмоили Сомонӣ, аз ҷумла аз Ҳирот ба Бухоро баргаштанаш бо танинандозии суруди қофиласолори адабиёти классикии тоҷик Устод Абўабдуллоҳ Рўдакӣ «Бўйи ҷуйи Мўлиён ояд ҳаме…» пешкаш карда шуд.

Муаррифии презентатсияҳо аз ҷониби гуруҳҳо, кор бо варақаҳои фардӣ, иҷрои супоришот ба воситаи тахтаи электронӣ, шарҳи санаҳои таърихӣ аз давраи Сомониён ки вобастакунӣ бо фактҳои таъриху адабиёт карда шуд, машғулиятро рангин шавқовар ва дастраси толибилмон гардонид.

Ҷоиз ба зикр аст, ки МТМУҒ «Гулчини маърифат» бо ибтикороти тозаи маъмурияти муассисаи таълимӣ таваҷҷуҳи хосса ва тоза ба омўзиши забони англисӣ бо мақсади омўзиши амиқи он равона карда шуда, дар ин самт бо барномаҳои махсуси таълимӣ ва дастурҳои вижаи таълимӣ ба хонандагон забони хориҷӣ таълим дода мешавад, ки самараи хуб ба даст овардааст.

Сарвари МТМУҒ «Гулчини маърифат» Матлуба Муинова, омўзгорони пешқадами муассисаи таълимӣ Марҳабо Солиева, Дилноза Абдураҳимова, Машҳура Саидова ва дигарон раҳнамои омўзгорони ҷавон гардида, барои пурмазмун баргузор гардидани дарсҳо машварат ва мусоидати фаъол менамоянд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд