(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altБо мақсади тарбияи ҳисси баланди ватандўстию меҳенпарварӣ, садоқат ба давлату миллат, гиромидошти арзишҳои миллӣ, муқадасоти миллӣ, ҳифзи марзи давлатӣ ва камолрасонии ҷавонони ватандўст дар МТМУ №20-и шаҳри Хуҷанд маҳфили хештаншиносӣ таҳти унвони «Зикри дили ман ҳамеша номи Ватан аст» бахшида ба Рўзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Чорабинӣ бо шеъру суруд ва таронаҳои тараннумгари Ватану ҳифзи он оғоз гардид. Ҳамчунин гуфторҳо дар бораи пос доштани Ватан, ҳифзи якборчагии он, муқаддас будани ҳар як ваҷаби замин ироа гардид.

Таъкид гардид, ки пас аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи дастгирӣ ва таваҷҷуҳи рӯзафзуни Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Артиши миллӣ дар шароити ниҳоят вазнину ҳассоси иқтисодӣ ва ҳарбиву сиёсии кишвар, яъне дар рӯзҳое, ки кишварро ҷангу хунрезӣ, беқонуниву беҳокимиятӣ ва буҳрони шадиди иқтисодӣ фаро гирифта буд ва ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида, хатари аз байн рафтани давлати ҷавони Тоҷикистон ва пароканда гардидани миллати тоҷик воқеан ба миён омада буд, таъсис дода шуд. Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ бо вуҷуди имкониятҳои ниҳоят маҳдуди иқтисодиву молиявӣ барои бунёди инфрасохтори низомӣ, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда, таъмин кардани онҳо бо техникаву таҷҳизоти замонавӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои хизмат ва зиндагӣ тамоми тадбирҳоро амалӣ намуд ва ин равандро имрӯз низ идома дода истодааст.

Мо имрӯз дилпурона изҳор менамоем, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи мо, ки дар тӯли ин солҳо аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сангину мураккаб сарбаландона гузаштаанд, рисолати касбӣ ва қарзи ватандӯстонаву шаҳрвандии худро минбаъд низ бошарафона иҷро мекунанд. Имрўз Арртиши миллии мо ба як сохтори муназзаму муосир ва муқтадиру боэътимод табдил ёфтааст.

Дар анҷоми чорабинӣ як қатор хонандагони фаъол ба сафи Ворисони Сомониён қабул карда шуданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар чорабинӣ мушовири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Муқим Камолов, ҷанговари интернатсионалист Абдуазиз Набиев, иштирокчии барқароркунандаи сохти конститутсионӣ Бахтиёр Баҳодуров, маъмурияти муассиса ва хонандагон иштирок намуданд.

Ҳамчунин дар толори варзишии муассиса ва саҳни он мусобиқаҳои гуногуни ҳарбӣ-ватандўстӣ ташкил ва гузаронида шуданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд