(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо ташаббуси комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд бо мақсади тарғибу ташвиқи хонандагон баҳри дӯстдории Ватан ва ҷалби онҳо баҳри хизмат ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, огоҳии наздики волидайн ва сокинони маҳаллаҳои шаҳр аз вазъи хизмат дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии комендатураи ҳарбии вилояти Суғд рӯзи дарҳои кушод баргузор гардид.

Фаъолони маҳаллаҳо ва хонандагон бо вазъи зиндагонӣ, хўрду хўрок, хизмати наваскарон аз наздик шинос шуда, аз шароити муҳайёнамуда қаноатманд гардиданд. Дар мизи аскарӣ нишастӣ хўроки эшонро низ чашиданд.

Хонандагони синфҳои болоии макотиби таҳсилоти умумии шаҳри Хуҷанд ҳамзамон аз тарзи истифодаи яроқу василаи ҷангӣ бо кӯмаки афсарон бархӯрдор шуданд.

Сарбозони қисми ҳарбӣ аз вазъи хизмати ҳарбӣ ба хонандагон маълумот дода, таъкид доштанд, ки дар қисми низомӣ сарбаландона хизмат намуда истодаанд. Имрӯз дар ҳамаи қисмҳои ҳарбӣ тамоми шароит муҳайё карда шудааст. Аз ҷавонон даъват ба амал оварда мешавад, ки қарзи шаҳрвандии худро ба василаи хизмат ба Қувваҳои мусаллаи Ҷумҳурии Тоҷикистон адо намоеянд.

Комиссари ҳарбии шаҳри Хуҷанд полковник Қурбоналӣ Сулмонзода ба хонандагон доир ба ҳаёти сарбозӣ, тартиби хизмат дар Қувваҳои мусаллаҳ, дарси мардонагию шуҷоат маълумот доданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд