(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар МТМУ №15-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовинони сарварони муассисаҳои таълимии шаҳр машварат баргузор гардид.

Муаттар Ёқубова, мудири кабинетҳои фаннии шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд машварат оғоз намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки имрӯз аз ҷониби Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати пиёда намудани сиёсати маорифпарварони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зиёд андешида мешавад. Таъмиру азнавзосии муассисаҳои таълимӣ, таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ, дастгирии молии соҳибистеъдодҳо, ҳавасманднамоии ғолибони олимпиадаю озмунҳои байналмилалӣ ва ғайра аз тадбирҳои амалишуда дар ин самт ба шумор меравад.

Аз масъулин талаб карда шуд, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо ҷиҳати бо амри дилу виҷдон фаъолият намудан кӯшиш кунанд ва баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, тарбияи наврасон дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ аз тамоми василаҳо истифода намоянд.

Сипас дар синфхонаҳои алоҳида дарсҳои кушод бо ҳузури муовини сарварони муассисаҳои таълимии шаҳр гузаронида шуданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд