(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар литсейи физикӣ-математикии №1-и ба номи академик Муҳаммад Осимии шаҳри Хуҷанд тибқи нақшаи фаъолияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯриҳои масъулини дахлдор бо хатмкунандагон, падару модари довталабон, омӯзгорон ва алоқамандони дигари низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ баргузор гардид.

Фирўза Бақоева, муовини директор оид ба корҳои тарбиявии литсей, таблиғгари литсей роҷеъ ба рафти Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавиро тариқи Маркази миллии тестӣ ба волидайни муассисаи таълимӣ маълумоти муфассал дод.

Таъкид шуд, ки чун ҳамасола раванди баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад ва дар сомонаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон http://ntc.tj/ru/ тамоми маълумотҳо вобаста ба тартибқи имтиҳонотсупорӣ ҷой карда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки рўзҳои наздик кормандони марказ ҳангоми сафари хизматӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мақсади шиносоӣ пайдо кардан бо кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо онҳо суҳбат карда, маводи иттилоотию методӣ, аз ҷумла дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб» ва маҷмӯаи саволу масъалаҳои тестро дастрасашон менамоянд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд