(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрўз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии Бахтиёр Боқизода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, комиссари ҳарбии шаҳр, ҳайати шахсии комиссариати ҳарбии шаҳр ва раисони маҳаллаҳо ҷаласаи корӣ оид ба ҷамъбасти маъракаи даъвати тирамоҳии наваскарони соли 2021 ва омодагию вазифагузориҳо ба маъракаи даъвати баҳории соли 2022 баргузор гардид.

Нахуст комиссари ҳарбии шаҳри Хуҷанд подполковник Қурбоналӣ Сулмонзода оид ба ҷамъбасти маъракаи даъвати тирамоҳии соли 2021 ба ҳозирин маълумот дод.

Иттилоъ дода шуд, ки тибқи қарори раиси шаҳр аз 22 сентябри соли 2021 №370 «Дар бораи даъвати шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1994-2003 ба хизмати ҳарбӣ моҳҳои октябр – ноябри соли 2021» барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани маъракаи даъвати тирамоҳии соли 2021 тамоми ҷораҳои заруриро роҳандозӣ гардид ва дар натиҷа нақшаи даъвати тирамоҳӣ навскарон 101 % иҷро гардид. Бобати иҷрои вазифагузориҳои Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода оид ба масъалаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ аз моҳи июн то моҳи сентябр 5 маротиба ситоди омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2021 бо иштироки раисони маҳаллаҳо ва масъулини комиссариати ҳарбӣ доир гардида, баҳри иҷрои қарори мазкур ба масъулин вазифагузориҳо карда шуданд. Дар мактаби ташкилоти мададгори мудофиаи шаҳри Хуҷанд 18 нафар ҷавонони синни даъватӣ барои соҳибкасб гардидан ба курси ронандагӣ омўзонида шуда, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда шуданд.

Сипас Бахтиёр Боқизода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд аз масъулини дахлдор оид ба иҷрои қарори Раиси шаҳр аз 31 декабри соли 2021 «Дар бораи гузаронидани омўзиши пеш аз даъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1995-2004 ба хизмати ҳарбӣ дар даъвати баҳории соли 2022, пурсиш ба амал оварда, барои иҷрои саривақтии нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар маъракаи даъвати баҳории соли 2022 эшонро вазифадор кард.

Кормандони комиссариати ҳарбии шаҳр, аъзоёни комиссияи даъват, раисони маҳаллаҳо, директорони коллеҷҳо, литсейҳои касбӣ-техникӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, сардорони корхонаи давлатии «Истифодабарии манзил»-и соҳили рост ва чап, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликият муваззаф гардиданд, ки талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ўҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»-ро ҳатман риоя намуда, иҷрои онро таъмин созанд.

Бо вазифагузориҳои дигар ба ҷаласа ҳусни анҷом бахшида шуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд