(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

altСубҳи имрўз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода намояндагони ширкати белорусии "Могилевлифтмаш"-ро ба ҳузур пазируфт.

Фирдавс Шарифзода зимни дидор ва гуфтугу бо намояндагони ширкати бонуфузи "Могилевлифтмаш" аз чумла қайд намуд, ки ба шарофати саъю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко муносибатҳои ду кишвар тайи солҳои охир ба сатҳи сифатан нав бароварда шуданд. Намунаи олии он ҳамкориҳои судмандро дар чорчӯбаи шарикии босамар байни бародаршаҳрҳои Хуҷанд ва Могилёв низ эҳсос кардан мумкин аст.

Александр Сорокин, сардори бюрои фуруши ширкати белорусии "Могилевлифтмаш" зимни суҳбат таъкид дошт, ки ҳадаф аз сафари намояндагони ширкат, ба роҳ мондани ҳамкориҳо, ташаккули фаъолияти судманди тарафайн мебошад. "Могилевлифтмаш" омода аст, ки корхонаву ташкилот ва аҳолии шаҳри Хуҷандро бо лифтҳои замонавӣ таъмин намояд. Ширкат таҷрибаи зиёди истеҳсолот дар ин самтро доро буда, асосан 3 намуди лифтҳо: барои борбардорӣ, боркашонӣ барои хонаҳои баландошёна, барои беморхонаҳова барои коттеҷҳо бо зиёда аз 180 модел истеҳсол менамояд, ки иқтидори борбардорию боркашонии лифтҳо аз 100 кило то 6 ҳазору 300 кило мебошад. Ба ғайр аз лифтхо, лифтҳо барои шахсони маъюб, эскалатору траволаторҳо, борбардорҳои сохтмонӣ ва резакунакхо (молчерҳо), инчунин молҳои сермасриф истехёҳсол карда мешаванд.

Ширкат омодааст, ки дилхоҳ шакли ҳамкориро қабул намояд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода омодагии мақомоти шаҳрдориро ҷиҳати ба роҳ мондани корхонаи муштараки васлу насб ва истеҳсоли лифтҳо изҳор дошта, таъкид намуд, ки он имкон медиҳад, ки таъмини сокинони аҳолии хонаҳои баландошёна ва идораву корхонаҳо иҷро гардида, ҳамзамон барои қонеъ намудани талаботи дигар шаҳру навоҳии мамлакат низ тарафҳо сайъ намояд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар зудтарин фурсат бо ҷалби гуруҳҳои корӣ барои таъсиси корхонаи муштараки истеҳсоли лифтҳо ба фаъолият оғоз бахшанд.

Сипас, намояндагони ширкати белорусии "Могилевлифтмаш" аз имконоти майдони истеҳсолии «Хуҷандторгмаш» аз наздик шинос гардида, бо роҳбарияти он доир ба иқтидори корхона ва дастгоҳу таҷҳизоти он суҳбати озоду ошкоро намуданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд