(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки мудирону сардорони шуъбаву сохторҳои шаҳрдорӣ, раисони маҳаллаҳо роҷеъ ба мазмуну муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мулоқот баргузор гардид.

Завқиддин Умарзода, намояндаи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» доир ба нуктаҳои муҳими Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода аз ҷумла афзуд, ки дар зимни ироаи Паём дар даробари дигар соҳаҳо ба соҳаи бонкдорӣ низ дахл карда шуда, аз ҷумла таъкид гардид, ки сармояи низоми бонкии кишвар нисбат ба соли 2000-ум 130 баробар афзоиш ёфт. Ҳаҷми пасандозҳо қариб 100 баробар зиёд шуда, ҳоло бақияи онҳо 10 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ 117 миллиард сомониро ташкил карда, аз ҷумла дар соли 2021-ум 13 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки 37 фоизи он ба соҳибкории истеҳсолӣ равона гардидааст.

Роҳбари Давлат бо назардошти рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, фаъолнокии бахши хусусӣ ва гардиши бемайлони савдои хориҷӣ, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, солимгардонии низоми бонкӣ ва пешниҳоди қарзҳои дастрасу дарозмуддат ба масъулини дахлдор дастур доданд, ки ҷиҳати зиёд намудани қарзҳои имтиёзноки дарозмуҳлат, хусусан, барои соҳибкории истеҳсолӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои босифат бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва гузариши пурра ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, инчунин, ҳарчи бештар ҷалб кардани сармояи дохиливу хориҷӣ ба низоми бонкӣ тадбирҳои қатъӣ андешиданд.

Ҳамзамон бо ин, бояд доир ба зиёд кардани шумораи бонкҳо, тақвият бахшидани низоми идоракунии хавфҳо ва баланд бардоштани ҳаҷми сармояи ойинномавии ташкилотҳои қарзӣ чораҷӯӣ карда шавад.

Ба Бонки миллӣ, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва дигар ташкилотҳои қарзӣ супориш дода шуд, ки дар давраи миёнамуҳлат, яъне дар панҷ соли оянда ҷиҳати ҳамасола афзоиш додани ҳаҷми қарзҳо ва дар соли 2026 ба 30 миллиард сомонӣ расонидани ҳаҷми қарздиҳӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Ин масъулияти бонкдоронро изофа намуда, дар ин самт фаъолнокӣ бештар зоҳир карда мешавад.

Завқиддин Умарзода аз фаъолияти имрўзаи густурдаи Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» низ иттилоъи бештар дода аз ҷумла афзуд, ки «Амонатбонк» бо истифода аз иқтидори худ, яъне шабакаҳои Бонк, ки 75 филиал ва 547 адад марказҳои хизматрасониро ташкил мекунанд, дар тамоми қаламрави кишвар баҳри бартараф намудани камбудиҳо ва вусъати бештар ҷиҳати саҳмгузорӣ дар рушди низоми бонкӣ, фароҳам овардани шароит барои дастрасии аҳолӣ ба маблағгузориҳои қарзӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, пешгирӣ ва идоракунии хавфҳои бонкӣ, аз ҷумла хавфи қарзӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои бонкӣ чораҳои амалӣ андешида истодааст.

Бо мақсади мусоидат ба фаровонии бозорҳои истеъмолӣ, татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон ва истиқболи шоистаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, Бонк иқдомҳои пешниҳоди қарзҳои имтиёзнокро таҳти унвони «Кишоварз», «Дониш-2021», «Истиқлол-30» ва «Орзуҳои солинавӣ» таҳти 18 то 20 фоизи солона роҳандозӣ намудааст.

Дар баробари ин, дар иртибот ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, Бонк аз ҳисоби захираҳои худӣ дар соли 2021 ба 272 нафар 8,3 млн. сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намудааст, ки нисбат ба соли 2020 60% зиёд мебошад (солҳои 2019-2021 барои ин самт 16,5 млн.сомонӣ қарзҳо пешниҳод шудааст).

Бонк кўшиш мекунад, ки дар татбиқи “Солҳои рушди саноат” дар давраи солҳои 2022-2026, ки аз ҷониби Роҳбари давлат дар паёми навбатӣ эълон карда шуд, бо роҳи дастгирии соҳибкорони ватанӣ тавассути пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок аз рўи муҳлати пардохт ва фоизҳои қарзӣ, рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, ки омили муҳим дар рушди соҳибкорӣ ба ҳисоб меравад, инчунин ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди миллӣ корҳои назаррасеро ба анҷом расонад.

Таъкид шуд, ки имрӯз “Амонатбонк” ба 22 ҳазор корхонаҳо хизматрасонӣ менамояд. Ин бонк яке аз бонкҳои низомсоз буда, сандуқи қарзиаш 1 миллиарду 300 миллион сомониро ташкил медиҳад, 200 намуди хизматрасониро анҷом дода, танҳо дар соли 2021 беш аз 102 миллион сомнӣ андоз супоридааст ва яке аз андозсупорандагони беҳтарин муаррифӣ гардид.

Мулоқот бо саволу ҷавоб ва пешниҳодоти ҷолиб ҳусни анҷом бахшид.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд