(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрўз дар Кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд ғолибони дуюмин Олимпиадаи байналмилалии фаннии “COPERNICUS” (Коперникус) аз фанҳои табиатшиносӣ, физика ва астрономияро сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирўза Нуруллозода, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Муҳайё Акмалхўҷаева, роҳбарият ва муҳассилини Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳр мутантан истиқбол намуданд.

Сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода ин дастоварди хонандагони Литсейро дар оғози соли нав пайки нек арзёбӣ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки дар қатори хонандагони кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон аз ҷумла: Фаронса, Итолиё, Амрико, Бразилия, Чин, Федератсияи Русия, Аргентина, Канада, Ҳиндустон, Британияи Кабир, Африкаи Ҷанубӣ, Миср, Австралия, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон ва ғайраҳо шарафёб шудан 6 нафар муҳассилини Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд комёбии беназирест.

Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирўза Нуруллозода ғолибияти хонандагонро дар озмуни бонуфузи кишвари Амрико аз фаъолияти назаррас ва самарабахши ҷомеаи меҳнатии Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳр арзёбӣ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки ба василаи ғолибияти муҳассилин дар чунин озмунҳои байналмилалӣ шуҳрату эътибори кишвари маҳбубамон дар арсаи байналхалқӣ боз ҳам меафзояд. Боиси ифтихор аст, ки хонандагони Литсей дар озмуни даставӣ аз фанни физика фаъолона иштирок намуда, Ҷоми озмунро ба даст оварда, ғолиби мутлақи даставӣ аз фанни физика гардиданд. Ёдовар мешавем, ки чанде қабл дар Олимпиадаи байналмилалии фаннии “COPERNICUS” (Коперникус) аз фанҳои табиатшиносӣ, физика ва астрономия 6 нафар муҳассилини Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд иштироки фаъолона намуда, сазовори мақомҳои ифтихорӣ гардиданд: Фаррухи Шералӣ – хонандаи синфи 8, ҷойи дуюм аз фанни табиатшиносӣ, Абдуллозода Амир – хонандаи синфи 9, ҷойи сеюм аз фанни физика, Абдуллоева Меҳрангез – хонандаи синфи 11, ҷойи сеюм аз фанни физика ва астрономия, Ботурхоҷаев Ардашерхоҷа – хонандаи синфи 11, ҷойи сеюм аз фанни физика ва астрономия, Муқумов Шараф – хонандаи синфи 8, ҷойи сеюм аз фанни табиатшиносӣ, Маъмуров Акрамхоҷа – хонандаи синфи 8, ҷойи сеюм аз фанни табиатшиносӣ. Дар натиҷа хонандагони Литсей як медали нуқра, панҷ медали биринҷӣ ва Ҷоми даставиро аз фанни физика ба даст оварданд.

Ғолибон бо медал, диплом,Ҷом ва туҳфаи хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд. Бояд қайд намуд, ки танҳо дар 5 моҳи охир хонандагони ин боргоҳи маърифат дар 8 олимпиадаҳои фаннии сатҳи ҷаҳонӣ дар кишварҳои Амрико, Туркия, Таиланд, Бразилия, Англия, Фаронса, Руссия ва Чин иштирок намуда 173 медал ба даст оварданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд