(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБино ба иттилоъи директори Литсей барои хонандагони болаёкат дар шахри Хучанд Сурайё Неъматова санаҳои 08 - 16.01.2022 сол дар Осорхонаи илми ва фановарии шаҳри Хюстони Иёлоти Техаси Штатҳои Муттаҳидаи Амрико дуюмин Олимпиадаи байналмилалии фаннӣ бо номи “COPERNICUS” (Коперникус) аз фанҳои табиатшиноси, физика ва астрономия бо иштироки 2000 довталаб аз беш аз 50 кишвари олам ташкил ва баргузор гардид. Дар қатори кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон аз ҷумла: Фаронса, Итолиё, Амрико, Бразилия, Чин, Федератсияи Русия, Аргентина, Канада, Ҳиндустон, Британияи Кабир, Африкаи Ҷанубӣ, Миср, Австралия, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон ва ғайра хонандагон аз кишвари Тоҷикистон аввалин маротиба дар ин озмуни сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуданд.

Санаи 31.10.2021 сол дар даври мақдамотии озмун сӣ нафар хонандагони МДТ “Литсей барои хонандагони болаёқат” дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуда, аз ин теъдод ҳабдаҳ нафар хонандагони Литсей ба даври финалӣ роҳхат гирифта буданд. Дар натиҷа санаи панҷуми январ бо корбарии маъмурияти Литсей шаш нафар хонандагони Литсей ба кишвари Амрико сафарбар карда шуда, тариқи ҳузурӣ дар Олимпиадаи мазкур иштирок намуда, чунин ҷойҳои ифтихориро касб намуданд:

Фаррухи Шералӣ – хонандаи синфи 8, ҷойи дуюм аз фанни табиатшиносӣ, Абдуллозода Амир – хонандаи синфи 9, ҷойи сеюм аз фанни физика, Абдуллоева Меҳрангез – хонандаи синфи 11, ҷойи сеюм аз фанни физика ва астрономия, Ботурхоҷаев Ардашерхоҷа – хонандаи синфи 11, ҷойи сеюм аз фанни физика ва астрономия, Муқумов Шараф – хонандаи синфи 8, ҷойи сеюм аз фанни табиатшиносӣ, Маъмуров Акрамхоҷа – хонандаи синфи 8, ҷойи сеюм аз фанни табиатшиносӣ. Инчунин, хонандагони Литсей тариқи даставӣ дар озмуни даставӣ аз фанни физика фаъолона иштирок намуда, Ҷоми озмунро ба даст оварда, ғолиби мутлаки даставӣ аз фанни физика гардиданд.

Дар натиҷа хонандагони Литсей як медали нуқра, панҷ медали биринҷӣ ва Ҷоми даставиро аз фанни физика ба даст оварданд.

Ғолибон бо медал, диплом,Ҷом ва туҳфаи хотиравӣ кадршиноси карда шуданд. Танҳо дар 5 моҳи охир хонандагони ин боргоҳи маърифат дар 8 олимпиадаҳои фаннии сатҳи ҷаҳонӣ дар кишварҳои Амрико, Туркия, Таиланд, Бразилия, Англия, Фаронса, Руссия ва Чин иштирок намуда 173 медал ба даст оварданд. Омӯзиш дар муассисаи мазкур пурра бо забони англисӣ ба роҳ монда шуда ин амр имкон медихад хонандагон дар тамоми озмунҳои сатҳи ҷаҳонӣ иштирок ва ғолибиятро ба даст оваранд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд