(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСубҳи имрўз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо раванди тадбирҳои ободонию созандагӣ ва корҳои таҷдиду азнавсозӣ дар бинои асосии ҷарроҳию табоботии беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 ошноӣ пайдо намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои чорошёнаи ҷарроҳию табобатии беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба таҷдиду азнавсозӣ фаро гирифта шудааст. Бинои мазкур ҳанўз соли 1972-и асри гузашта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, то ҳол аз таъмири кулл бароварда нашудааст. Дар бинои номбурда шуъбаҳои қабул, эҳё, ҷарроҳҳии фасоднок, ҷарроҳии калонсолон, осеби хурдсолон, осеби калонсолон, бемориҳои сўхта, ҷарроҳии бачагона, корпуси ҷарроҳикунонӣ ва ғайраҳо ҷойгир карда шуда, маҷмуан беш аз 250 кати табобатӣ барои беморонро фаро мегирад.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо лоиҳаи ангории таҷдиду азнавсозии бинои ҷарроҳию табобатии беморхона таъкид намуд, ки дар заминаи сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифта шуд, ки бинои мазкур мавриди азнавсозӣ ва ҷадид қарор дода шавад. Зеро талаботи замони муосир моро водор месозад, ки ба шароити табобату муоилиҷа ва барқароркунии саломатии шаҳрвандон аҳамияти хоса диҳем.

Раиси вилоят ба роҳбарияти шаҳр ва сохтмончиён ҷиҳати анҷом додани корҳои бсифати сохтмонӣ дастуру нишондҳои мушаххас дод. Аз ҷумла, ба тартибдарории ҳудуди беморхона мароқ зоҳир карда шуд ва таъкид гардид, ки беморхона бояд аз даромади асосӣ ба макони орому осишта ва зебою мунаввар тадбил дода шавад ва бинову иншооти худсохт ба низом гирифта шавад. Деворҳои иҳотавӣ, ҷӯйборҳо, роҳрав ва истгоҳи мошинҳо азнавсозӣ гардад. Барои беморон ва корафтодагону шароити мусоиду замонавӣ баҳри муоилаву дидорбинӣ муҳайё карда шавад.

Бинои мазкури беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 бо дарназардошти талаботи муосири тиббӣ таҷдиду азнавсозӣ гардида, имконияти хуберо барои сокинони шаҳр ва атрофи он баҳри ба ташхису табобат фаро гирифтан муҳайё карда шавад.

Зимни боздид аз майдонҳои ҳудуди беморхона ба масъулин дастур дода шуд, ки ҷиҳати истироҳату фароғати беморон ва пайвандони онҳо беҳтарин шароити тафреҳӣ муҳайё карда шавад. Саҳни иншоот низ мувофиқ ба талаботи меъморӣ бунёд гардад ва барои сайру гашти табобатгирандагон ва ташрифи аёдаткунандагон имконияти зарурӣ фароҳам оварда шавад. Биноҳои худсохти ғайриқонунӣ бартараф карда шаванд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки алъон корҳои сохтмонӣ аз тарафи ҶДММ «Сохтмонворидот» ҷараён дорад ва беш аз 40 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ бо кору фаъолияти доимӣ машғуланд.

Сипас аз ҷониби Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳайати ҳамроҳонаш дар ҳудуди беморхона ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд