(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСубҳи имрўз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар доираи маъракаи сабзухуррамгардонӣ ва ҳамчунин рамзи оғоз бахшидан ба маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳри Хуҷанд дар майдони назди театри Хоҷа Камоли Хуҷандӣ зиёда аз 50 бех ниҳолҳои ороишию ҳамешасабз шинонида шуд.

Бояд қайд намуд, ки тибқи тавсияи мутахасисон беҳтарин давра барои шинонидани дарахтони ороишӣ, ҳамешасабз ва мевадиҳанда, ин моҳҳои январ ва феврал мебошад. Зеро дар ин муддат ҳолати оромиши ниҳол дар зери хок гузашта, он барои сабзиши оянда хубтар мутобиқ мегардад.

Дар мавриди шинонидани ниҳолҳои ороишӣ ва ҳамешасабз мутахасисон тавсия медиҳанд, ки решаи ин гуна ниҳолҳоро бояд бо хокашон дар халтаҳои махсус ё пахтагин печонидан зарур аст. Зеро решаи онҳо хело нозук мебошад. Инчунин пеш аз шинонидани ин гуна дарахтон чуқурии онро на камтар аз 1 ё 1,5 метр канданамон лозим аст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбарияти шаҳр ва масъулини сохтори ободониро ба боз ҳам ҷоннок намудани тадбирҳои вобаста ба сабзу хуррамгардонӣ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд дастуру супоришҳо дод.

Бояд қайд намуд, ки тибқи нақша соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд беш аз 4000 бех ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида мешавад.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд