(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altИмрўз дар асоси ҳидоятҳои инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Зайнура Азимӣ, муовини Раиси вилояти Суғд ва Фирдавс Шарифзода, Раиси шаҳри Хуҷанд аҳли бошандагони “Маркази минтақавии хизматраоснии иҷтимоии пиронсолон ва маъюбони шаҳри Хуҷанд” аёдат карда шуда, ба онҳо дастархони идона густурда шуд ва туҳфаҳои солинавӣ тақдим гардид.

Таъкид шуд, ки сиёсати иҷтимоии қабл аз ҳама ба беҳбудбахшии рўзгори ашхоси яккаву танҳо, бесаробонмонда ва ниёзманд нигаронида шуда, ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхории доимӣ қарор дода мешаванд. Ҳар яки мо бояд шукрона кунем, ки соҳибватану соҳибдавлат ҳастем ва дар кишвари маҳбуби амну осоишта умр ба сар мебарем. Мо бояд Ватанамонро баробари модари худ ва мисли ҷонамон дӯст дорем ва онро ҳимоя кунем.

Бояд қайд намуд, ки дар «Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд» 56 нафар пиронсолону маъюбон ба ғамхорӣ фаро гирифта шудааст. Дар марказ пиронсолон ба таъмини иқомати домӣ, хизматрасонии ройгони тиббӣ фаро гиифта шуда, барои истироҳат, варзиш ва машғулиятҳои меҳнатӣ-табобатӣ шароитҳо муҳайё карда шудаанд.

Роҳбарияти марказ зикр намуданд, ки аз нигоҳи моддӣ эҳтиёҷманд нестанд, зеро ҳамарӯза аз тарафи ашхоси саховатманд, соҳибкорон ва ташкилоту муассисаҳо маводҳои гуногуни аёдатӣ дастрас карда мешаванд. Муассиса кӯшиш менамояд, ки барои пур кардани фазои маънавии эшон барномаҳои фарҳангиро бештар ташкил ва гузаронад.

Худи бошандагон низ изҳор намуданд, ки ин макон барояшон чун истироҳатгоҳ буда, миннатдориашонро барои муҳайё намудани чунин имконот ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд