(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Субҳи имрӯз дар остонаи Соли нави мелодии 2022 дар мавзеъи театри Хоҷа Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бо мақсади ғанӣ гардонидани хони мардум дар рўзҳои ид ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил гардида, маҳсулоти аввалияи рӯзгор бо нархҳои нисбатан арзон аз бозор пешниҳоди сокинон гардонида шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз рафти баргузории ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ боздид намуданд.

Таъкид шуд, ки Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят доир карда шуд. Ҳадаф аз роҳандозии ин иқдом таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоии нисбатан арзон ва фаровонии дастархони мардум дар арафаи Соли нави мелодӣ мебошад.

Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини дахлдор дастур дод, ки маҳсулоти ярмаркаро боз ҳам бештар намуда, нархи маҳсулотро дастрас намоянд.

Боиси зикр аст, ки дар моҳҳои январ-ноябри соли 2021 бо мақсади таъмини аҳолии вилоят бо маводи озуқа ва танзими нархҳои бозори истеъмолӣ 67 маротиба дар шаҳри Хуҷанд ярмарка гузаронида шуда, дар маҷмӯъ, ба миқдори 6581,2 тонна маҳсулот, аз ҷумла 988,2 тонна орд, 206,2 тонна равғани растанӣ, 163,9 тонна гӯшти чорвою паранда, 25,2 тонна моҳӣ, 245,5 тонна шакар, 150,5 тонна биринҷ, 77,8 тонна намак, 1571,6 ҳазор дона тухм, 1601,4 тонна картошка, 717,2 тонна сабзӣ, 1167,2 тонна бехпиёз, 428,0 тонна сабзавоти гуногун, 240,2 тонна полезӣ, 289,8 тонна меваҷот ва 280,1 тонна дигар маҳсулоти хӯрокворӣ бо нархҳои дастрас ба фурӯш бароварда шуд.

Сокинон аз ташкил намудани чунин ярмаркаҳо изҳори хушнудӣ намуда, маводи зарурии худро харидорӣ карданд.

Ба фарзандони харидорони ба ярмарка омада, аз ҷониби Бобои Барфӣ ва Барфак туҳфаҳо тақдим карда шуданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд